Мақомоти ҳам Тоҷикистону ҳам Русия умедворанд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ба бисёре аз суолҳои ҷамъшуда дар равобити ду кишвар посух хоҳад дод.
Юрий Попов гуфт, дидори якбаяки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав сафҳаи наве родар муносиботи миёни Тоҷикистону Русия боз мекунад. Юрий Попов рӯзи 31 июл дар посух ба суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидори якбаяки вай бо Владимир Путин интизороти зиёд дорам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Умедвории сафири Русия аз мулоқоти Путин бо Раҳмон
Сафири Русия афзуд, ки шоми имрӯз мулоқоти якбаяки Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад ва ҳамеша ин гуна мулоқотҳои ғайрирасмӣ барои густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба судманд хоҳанд буд. Ба таъкиди ҷаноби Попов, "дар ин мулоқотҳо, ки шоми имрӯз ва фардо, 1 август доир мешаванд, асосан иҷрои созишномаҳое, ки дар сафари моҳи октябри соли гузаштаи Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ мешаванд ва мо танҳо натиҷаи мусбатро интизорем."
Сафири Русия дар Тоҷикистон муносиботи ҳар ду кишварро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, умед аст, ки ин муносибот ба дунболи дидори якбаяки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафири Русия дар бораи дидори Раҳмон бо Путин
Юрий Попов ин сӯҳбатҳоро дар ҳошияи маросими тақдими медалҳои таърихии ҷанги соли 1812-и Русияву Фаронса ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон баён кард. Ин дуввумин медале аст, ки аз номи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон тақдим мегардад. Қаблан дар моҳи апрел чунин медал ба Эмомалӣ Раҳмон низ тақдим шуда буд.
Умедвории сафорати Тоҷикистон
Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, кирӯзи 31 июл аз фурудгоҳи Внуковои Маскав бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, низ изҳори умед кард, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин ҳама масоили ҷамъшуда дар равобити ду кишвар роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Оқои Эгамзод гуфт, як интизори "хуб"-и онҳо ин аст, ки дар ин мулоқот, ки бо даъвати Путин дар бӯстонсарои Ново-Огарёво доир мешавад, равобити ду шарики стратегӣ ба як сатҳу мақоми нави, ба таъбири Эгамзод, "шоистаи мақоми шарикии стратегии ду кишвар" бароварда хоҳад шуд.
Хабари сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рӯзи 26 июл, дар пайи сӯҳбати телефонии ӯ бо Путин нашр шуд. Дар пайи он сӯҳбат сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки "сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, пиромуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар намуданд."
Бино ба ин манбаъ, Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки "барои баррасии муфассалтари мавзӯъоти зикргардида сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва 1 августи соли ҷорӣ сурат гирад. Ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд."
Қабл аз интихобот
Сафари Раҳмон ба Русия ва дидораш бо Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки то интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ се моҳи дигар фурсат боқӣ мондааст. Дар маҳофил ҳадс мезананд, ки ғолибан як ҳадафи аслии ин сафар таъйиди номзадии оқои Раҳмон барои боз як давраи нави ҳафтсолаи раҳбарӣ бар Тоҷикистон аз ҷониби Кремл бошад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак 21 сол боз бар Тоҷикистон ҳукумат меронад, то ҳол расман аз азмаш барои ширкат дар интихоботи моҳи ноябр дарак надодааст.
Ва он ҳам дар ҳолест ки ҳалақоти раҳбарии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳанӯз як сол қабл ба таври ғайрирасмӣ эълон карда буданд, ки ин ҳизб дар интихоботи соли 2013 низ боз ҳам Эмомалӣ Раҳмонро номзад хоҳад кард. Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба нақш ва нуфузи умдаи Русия дар таъйини сиёсат дар Тоҷикистон мегӯянд, чунин тӯл кашидани эълони расмии пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба ин бастагӣ дорад, ки Душанбе то ҳол барои тамдиди замони раёсати ӯ “ок”-и собити Кремлро ба даст наовардааст.