Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи созишномаи миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Чин ва Афғонистонро, ки ташхиси нуқтаи пайвасти марзи миёни се кишварро дар назар дорад, ба тасвиб расонд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи созишномаи миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Чин ва Афғонистонро, ки ташхиси нуқтаи пайвасти марзи миёни се кишварро дар назар дорад, ба тасвиб расонданд. Ин санад моҳи июли соли 2012-ум дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии се кишвар дар Пекин имзо шудааст. Ба қавли ҳайати кории Тоҷикистон, нуқтаи пайвасти марзи миёни се кишвар ҳамонест, ки дар солҳои чилуми асри гузашта муқаррар шуда буд.
Баррасии масъалаи ташхиси нуқтаи пайвасти марзи миёни Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон дар Маҷлиси Намояндагон хеле ором гузашту танҳо як вакили мардумӣ - Сӯҳроб Шарипов дар бораи тарзи муқаррар намудани ин нуқта суол дод. Ӯ гуфт: “Дар санади пешниҳодшуда, ки дар даврони Шӯравӣ имзо шудааст, нуқтаи пайвасти соли 1932 ва соли 1942 зикр шудаанд. Ин нуқтаҳо аз ҳам фарқ доранд. Дар санаде, ки мо арзёбӣ дорем, кадом яке аз ин нуқтаҳо қабул шудааст?”.
Вале Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон Сӯҳроб Шарипов ва вакилони дигарро мутақоид сохт, ки “раҳбарони хадамоти заминсозиву харитасозии се кишвар ба хато роҳ нахоҳанд дод”. Ӯ гуфт, тасвиби ин санад имкон медиҳад, ки коршиносони се кишвар нуқтаи пайвасти марзи миёни кишварҳоро ба таври қонунӣ дар ҷояш мушаххас ва аломатгузорӣ намоянд.
Ду сол пеш Тоҷикистон 1 ҳазору 158 километри мураббаъ аз заминҳои ба истилоҳ “даъвоӣ”-ро ба Чин таслим намуда, таъкид карда буд, ки бо ҳамин баҳси марзии миёни ин ду кишвар хотима ёфт ва ин иқдом ба ташхис ва аломатгузории хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Чин нуқта гузошт. Он замон Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки мувофақатномаи марзӣ бо Чин яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар замони истиқлол аст. Вале ин мавзӯъ то ҳол мавриди интиқоди намояндагони матбуот ва ҷомеаи Тоҷикистон қарор мегирад. Аслан Чин сари 20 ҳазор километри мураббаъ хоки Тоҷикистон даъво дошт, вале дар ниҳоят, гуфта мешавад, Тоҷикистон хостаҳои Чинро бароварда накард.
Созишномаи вогузории қисмате аз хоки Тоҷикистон ба ихтиёри давлати Чин дар соли 2002 миёни раҳбарони Чину Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ба гуфти мақомоти Тоҷикистон, дар давоми нуҳ соли баъди имзои санад ду кишвар тавонистанд, ки аломатгузорӣ дар хатҳои марзи ду кишварро анҷом диҳанд. Дар ҳамон соли 2011-ум низ Сӯҳроб Шарифов, ки вазифаи раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, нишасти хабарӣ доир намуда, гуфта буд, ки "агар Чин то Хоруғ ҳамла карда меомад, чӣ кор мекардем?".
Баъзеҳо мисли Шарипов аз он нигарон буданд, ки тақдими қаламрав ба Чин имкон дорад, боиси бӯҳрони сиёсӣ шавад. Яке аз сабабҳои барканоршавии президенти Қирғизистон Аскар Оқоев дар соли 2005-ум созишномаи табодули қаламрави Қирғизистон бо Чин гардид, ки ба қавли мухолифони Оқоев, ба нафъи Чин анҷом ёфт.
Айни замон, мақомот ва ҳам баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки рафъи мушкили марз миёни Тоҷикистону Чин роҳро барои сармоягузориҳои Пекин дар иқтисоди Тоҷикистон боз намуд. Феълан Чин дар соҳаи таъмиру сохтмони роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, бозсозии корхонаҳои тилову филизот, тавлиди нерӯи барқ ва дигар соҳаҳои хоҷагии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Имрӯз дар ҳар як хонадони тоҷик сару либос ва ашёи рӯзгори истеҳсоли Чин ба чашм мерасад. Чин ҳатто бозори меваву сабзавоти Тоҷикистонро ишғол намуда, кишоварзони чинӣ дар майдонҳои кишти ҷумҳурӣ ба ҳайси иҷоракор ифои вазифа мекунанд.
Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҳадафҳои дарозмуддат дорад. Вай гуфт, бо сармоягузории маблағҳои ҳангуфт дар кишварҳои олам ва аз ҷумла Тоҷикистон, Чин нуфузи сиёсиву иқтисодии худро мустаҳкам мекунад: “Мақсади асосӣ аз ин сармояҳо дар марҳилаи ҳозира танҳо фоидаи иқтисодӣ нест. Ҳадаф афзудани нуфузи Чин дар ин минтақа аст, ки дар оянда ба нуфузи Русия баробар ва ё ҳатто бештар аз он бошад.”
Муллоҷонов меафзояд, василаи дигари тавсеаи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари олам дастгирии диаспораи чинӣ мебошад. Ба қавли ин шореҳи тоҷик, ҳукумати Чин тавассути тақдими кӯмакҳои моливу имтиёзҳои фаровон имкон медиҳад, ки ҷамоаҳои муҳоҷирони чинӣ дар кишварҳои дигар мавқеи мустаҳкам касб кунанд. Саҳмияи солонаи муҳоҷирони чинӣ дар бозори кори Тоҷикистон каме бештар аз 2 ҳазор ҷои кориро ташкил медиҳад ва дар охири соли 2011-ум дар Тоҷикистон расман каме беш аз 2100 муҳоҷири чинӣ кор мекарданд. Вале коршиносони мустақил аз ҷумла шореҳ Хайрулло Мирсаидов бар ин ақидаанд, ки шумораи муҳоҷирони расмиву ғайрирасмии чинӣ дар ин ҷумҳурӣ беш аз 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва онҳо яке аз муҳаррикони дигари муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷи ин кишвар шудаанд.