Нақби муҳиме, ки сохтмонаш солҳои тӯлонӣ идома кард, вале ҳанӯз ҳам системаи ҳавокашии муносиб ва рӯшноӣ надорад. Дар дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мувофика миёни вазоратҳои нақлиёт ва энержии ду кишвар дар Душанбе ду ҳафта пеш ҳосил шудааст.
Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон дар ҳошияи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гуфтӯгу карда ва ба ин натиҷа расиданд, ки ду тараф 4 миллион долларӣ барои тармими нақб харҷ кунанд. Нишасти дурӯза дар Душанбе рӯзи 15-уми июн ба поён расид. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Бо ин маблағ системаи рӯшноии нақб, ба кор андохтани системаи ҳавокашӣ, оташнишонӣ ва системаи назоратию амниятӣ ва идораи нақб таъмин карда мешавад.”
Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Аммо нақби мазкур солҳои тӯлонӣ як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт буд ва баъд аз тармиму таҷдиди тӯлонӣ дар соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд.
Ҳоло ҳам ба гуфтаи ронандагон ҳаракат аз тариқи нақби торик хатарнок аст, чун системаи ҳавокашии он дуруст нест ва ҳангоми убур аз дохили нақби бештар аз 5 километрӣ норасоии ҳаво эҳсос мешавад. Азбаски нақб аксаран торик аст, дар Тоҷикистон онро баъзеҳо “ғори эрониҳо” меноманд.
Эрон, ки бо Тоҷикистон дар чанд соли пеш робитаҳои хуб дошт, ду тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” – ро амалӣ кардааст. Айни замон ду тараф робитаҳои сарде доранд ва маълум ҳам нест, дар шароити таҳримоти сахти Амрико ба зидди Эрон аз ҷумла, системаи бонкии ин кишвар тармими “Истиқлол” чӣ гуна ва кай сурат мегирад.