Тоҷикистон дар ҳафтае ки рафт (17 - 23 июн)

Меҳмон Бахтӣ ахиран сулҳҷӯёна гуфт, агар Тутубалина узр бихоҳад, ӯро ба додгоҳ нахоҳанд кашонд.

Олга Тутубалина мегӯяд, фикрашро дар бораи зиёиён дигар накардааст.

Ширкати молии Молбулак дар Русия ба муҳоҷирон қарз медиҳад.

Додгоҳи хуҷанд 3 занро бо ҷурми авбошӣ дар клуби "Хваканта" яксолӣ ҳукми шартии зиндон дод.

Мақомот: Хобгоҳи интернати Саричашмаи Шӯроободро дар моҳи май қасдан сӯзондаанд.

Гузориши нави Freedom house мегӯяд, Тоҷикистон торафт ба ҳамсояҳои худкомааш монанд мешавад.

Шаҳрванди афғон Ҳамидуллоҳи Абдулманонро дар Душанбе ба қаллобӣ дар қиболи 30 довталаби таҳсил аз Нигерия айбдор мекунанд.

Роҳбалади қатори Душанбе-Маскав Ширинмоҳ Зокирова рӯзи 19 июн баъди 24 рӯзи боздошт дар Узбакистон ба Душанбе баргашт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, сафари ӯ ба Суғд корӣ буд ва рабте ба интихоботи моҳи ноябр надорад.

Сӯҳроб Шарифов: Бозгашти Толибон имтиҳони ҷиддие барои Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сокинони Моёини Панҷакент  мегӯянд, 5 чӯпони тоҷик бо чандсад сар гӯсфандро зӯран ба Узбакистон бурдаанд.

Наздиконаш мегӯянд, таъқибу боздошти Зайд Саидов ва санҷишҳо шумори коргарон дар ширкатҳои марбут ба ӯву бастагонашро башиддат кам кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, аз як "шаҳрак"-и муҳоҷирон дар Новая Москва 258 муҳоҷир, аз ҷумла тоҷиконро дастгир кардаанд.