Рэй Курзвейл, мудири фаннии Google – бузургтарин ширкати ҷустуҷӯҳои интернетии дунё, ки дар илми футуризм (оянданигарӣ) низ таҳқиқоти зиёд дорад, ахиран як силсила пешбиниҳои солбасолашро нашр кардааст, ки оё ҷаҳон дар нимаи аввали асри 21 ба чӣ пешрафтҳое даст хоҳад ёфт. Пешбиниҳои Рэй Курзвейл аз ин лиҳоз қобили арзёбианд, ки пешбиниҳои қаблиаш аксаран дуруст баромадаанд.
Ба бовари ин олими оянданигар, инсоният то поёни нимаи аввали асри 21 тавони тавлиди узвҳои бадани инсон аз тариқи принтери 3Д-ро ба даст меорад ва ақли сунъӣ ва одам-роботҳо сохта мешаванд. Ӯ мутмаин аст, ки дар оянда шабакаҳои ҷустуҷӯи интернетӣ дар бадани инсонҳо насб хоҳад шуд ва барои пайдо кардани маълумот онҳоро дигар зарурати муроҷиат ба компютер ё телефон боқӣ намемонад.
Чанд пешбинии Рэй Курзейл барои 30 соли оянда:
2019 – Ноқилҳо барои васли компютерҳову василаҳои дигар аз байн мераванд.
2020 – Компютерҳо аз лиҳози иқтидори ҳисоб ба мағзи инсон баробар мешаванд.
2021 – Дастрасии бидуни ноқил ба Интернет 85 фоизи ҷаҳонро мепӯшонад.
2022 – Дар Амрико ва Аврупо қонунҳое таҳия мешаванд, ки муносибати байни инсонҳо ва роботҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои роботҳоро танзим хоҳанд кард.
2024 – Рондани мошинҳои бидуни компютер манъ хоҳад шуд.
2027 – Роботи хусусӣ мисли яхдону чойник як чизи маъмул хоҳад шуд.
2028 – Нирӯи офтоб чунон арзону паҳн хоҳад шуд, ки тамоми эҳтиёҷи инсоният ба энержиро хоҳад пӯшонд.
2029 – Компютер имтиҳони Тюрингро супурда, мисли инсон соҳиби ақл буданашро исбот мекунад.
2030 – Рушди нанотехнологияҳо дар саноат боиси хеле арзон шудани тамоми маҳсулот мешавад.
2031 – Принтерҳои 3D барои “чоп”-и аъзои бадани инсон дар тамоми бемористонҳо гузошта хоҳанд шуд.
2033 – Роҳҳоро мошинҳои худкор пур мекунанд.
2034 – Нахустин мулоқоти инсон бо интеллекти сунъӣ.
2037 – Бисёре аз асрори мағзи инсон ошкор карда хоҳад шуд.
2038 – Одам-роботҳо пайдо мешаванд.
2040 – Шабакаҳои ҷустуҷӯиро тавассути гаҷетҳо дар бадани инсон ҷо мекунанд.
2041 – Иқтидори Интернет назар ба имрӯз 500 миллион маротиба меафзояд.
2042 – Нахустин таҷрибаи амалӣ кардани формулаи бемаргӣ бо шарофати нанороботҳое, ки масунияти инсонро такмил ва бемориҳоро аз бадан «тоза» мекунанд.
2044 – Интеллекти ғайрибиологӣ, яъне сунъӣ назар ба интеллекти биологӣ миллиардҳо маротиба оқилтар мешавад.
2045: Оғози даврони singularity, ки дунё ба як компютери азим табдил мешавад...
Аммо Тоҷикистон то куҷо шанс дорад, ки ҳадди ақал ба яке аз охирин вагонҳои чунин пешрафти фавқулоддаи дунё савор шавад ва аз масири пешрафт канор намонад? Ва дар ин муддате, ки ҷаҳон, бино ба пешбинии Рэй Курзейл, чунин пеш хоҳад рафт, Тоҷикистон ҳадди ақал масоили доғи имрӯзаи мардумаш, барои мисол, муҳоҷират ва лимити барқро ҳал карда метавонад? Дар ин бора гуфтугӯе оростем бо Ҳафиз Бобоёров, олими оянданигари тоҷик.
Ҳафиз Бобоёров: Ин пешгӯиҳо қобили иҷро ҳастанд, чунки бубинед, ҳатто компютере, ки имрӯз вуҷуд дорад, алакай бисёре аз қобилиятҳои инсонро иҷро мекунад. Ва хеле имкон дорад, ки дар як даҳсолаи дигар компутаре сохта шавад, ки аъзои бадани инсонро скан ва чоп кунад ва
маълумоти гени инсонро ба компутар бидиҳад. Имкон дорад, ки бо шарофати нанотехнологияҳо ин корҳо то соли 2050 шаванд. Вале ин бастагӣ дорад ба сиёсӣ будани муносибатҳои иқтисодӣ. Корпоратсияҳои бузурге, ки бозорҳои ғизову доруву дигар бозорҳои пурфоидаи дунёро дар даст доранд, манфиатдор нестанд, ки фановариҳо ба таври густарда мавриди баҳрабадорӣ қарор бигиранд ваё кишварҳо аз баҳри нафту газ гузаранду ба нирӯи офтоб рӯ биоранд. Ин мушкилест, ки роҳи ҳалли осон надорад.
Радиои Озодӣ: Вале Тоҷикистон дар 30 ё 40 соли наздик дар кадом риштаҳо метавонад пешрафт кунад?
Ҳафиз Бобоёров: Тоҷикистон, агар барои рушди нанотехнологияҳо бисёр ҷаҳд ва сармоягузорӣ кунад, дар бахши тиб ва генетика ояндаи хубе дорад.Ё дар соҳаи кайҳоншиносӣ, чунки заминаҳо дар ин соҳаҳо вуҷуд доранд. Вале мушкил ин аст, ки сармоягузорӣ ба ин риштаҳо тақрибан нест.
Радиои Озодӣ: Аммо барои сокинони оддии Тоҷикистон шояд муҳимтар масъалаҳое бошанд, ки оё кай лимити барқ дар кишвар аз байн меравад? Ваё кай ин лашкари бузурги муҳоҷиронаш дар Ватан соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд?
Ҳафиз Бобоёров: Ин масъалаҳои «заминӣ» ҳам бо масъалаҳои «осмонӣ» робита доранд. Чун, барои мисол, дар 20 ё 30 соли оянда ҳам муҳоҷирати корӣ амре ногузир боқӣ мемонад. Ин як раванди ҷаҳонист. Мушкили энержии мо ҳам танҳо ба воситаи нафту газ ё сохтани нирӯгоҳҳои бузург роҳи ҳал надорад. Ин мушкил вақте ҳал мешавад, ки дар баробари нирӯи барқи обӣ мо ба тавлиди нирӯи барқ аз боду офтоб ва гармии зеризаминӣ низ рӯ биорем. Нриӯгоҳи бузург метавонад роҳи ҳалли иқтисодиву сиёсӣ бошад, вале роҳи ҳалли ниҳоӣ нест.
Радиои Озодӣ: Яъне дар ояндаи кӯтоҳмуддат мо аз ин ду мушкили асосиамон, яъне лимити барқ ва муҳоҷират халос намешавем?
Ҳафиз Бобоёров: Лимити барқ мушкилист ва дар ояндаи наздик мо аз он халос намешавем. Ин воқеъият аст. 50 фоиз роҳи ҳаллаш нирӯгоҳи Роғун аст ва 50 фоизи дигар – нирӯгоҳҳои хурди бодиву офтобӣ. Вале муҳоҷирати кориро мо набояд ҳамчун мушкиле, ки бояд ҳалли куллӣ пайдо кунад, нагирем. Ин як раванди умумиҷаҳонист. Мушкилӣ дар робита ба муҳоҷират аст, на худи он. Аз ҷумла инки занон инҷо бешавҳару кӯдакон бепадар мемонанд, касалиҳои сироятӣ бештар паҳно мешаванд, ба кишвари муҳоҷирпазир вобаста шудани кишвар ва мушкилоти дигари амсоли ин. Яъне мо бояд мушкилотеро, ки дар атрофи муҳоҷират пеш меояд, ҳал бикунем.
Радиои Озодӣ: Агар ба сурати умум, бигирем соли 2050-ро, Тоҷикистон, ба назари Шумо, чӣ гуна хоҳад шуд? Тоҷикистон шонси рушд дорад дар нимаи аввали асри 21?
Ҳафиз Бобоёров: Ҳамаи кишварҳо шанси рушд доранд. Агар мо кӯшиш кунем ҳадди ақал то соли 2020 се мушкили умдаи мо – бесаводӣ, бекорӣ ва фасоди идорӣ – ҳалли худжро ёбанд, гумон мекунам, ки шонси мо бештар мешавад. Шонси дигар он аст, ки агар мо як консепсияи стратегии рушди Тоҷикистонро қабул кунем ва даврабандӣ кунем, ки мо чӣ кор карданӣ ҳастем? Дар 10 сол, дар 20 сол, дар 30 соли оянда. Агар ин ҳама нақшабандӣ нашавад, гуфтан мушкил аст, ки Тоҷикистон ба кадом тараф меравад ва ба куҷо мерасад?