Рақси "Лола"-и тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ бахшида ба 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ин кишвар ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ҷашнвораи таронаҳои мардумии ин минтақа баргузор мешавад. Рӯзи 15-уми декабр ҳунарнамоии дастаи рақсии “Лола”-ро яке аз тамошогарон ба Радиои Озодӣ фиристод.