"Чароғҳоро кушед" Зиндагӣ дар як деҳаи Фархор, дар ҳамсоягӣ бо Толибон. ВИДЕО, АКС

Деҳаи Умари Хайём дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва дар наздикии марзи Афғонистон бо фаро расидани шаб комилан "нопадид" мешавад.

Мо намедонем, кӣ тирборон кард. Ҳеҷ кас ба мо нагуфтааст. Кафолат ҳам нест, ки чунин ҳодиса такрор нашавад

Бештари сокинони ин русто, ки дар наздикии хатти марз қарор доранд, шабона чароғҳои беруни хонаашонро рӯшан намекунанд. Ҳатто дар тирезаҳояшон пардаҳои ғафсу сиёҳ кашидаанд, то рӯшании дохили хона ба берун маълум нашавад.

Хомӯш кардани чароғҳои ин деҳа бо дастури марзбонон сурат мегирад. Рӯшании чароғҳои ин маҳалла ба кори сарҳадбонон, ки аз хатти назоратӣ зуд-зуд убур мекунанд, халал эҷод мекунад. Дар ин рӯшноӣ онҳо аз он тарафи марз дида мешаванд ва он як навъ хатар ба ҷони онҳост.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндагӣ дар ҳамсоягӣ бо Толибон

Ҳама дар деҳаи Умари Хайём медонанд, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, вилояти Тахор ҷойгир аст. Дидбонгоҳҳои марзӣ ва минтақаи назоратӣ дар канори марз ҷойгир аст, ки дар баъзе ҷо то марзи Афғонистон 100 метр ва дар баъзе қитъаҳо то 2 километр паҳно дорад. Ба ин минтақаҳо касе ҳаққи вуруд надорад, зеро ба гуфтаи марзбонон, ҳар хатаре метавонад пеш ояд.

“Ҳар субҳ бо садои харҳо аз тарафи Афғонистон бедор мешавам”, – гуфт яке аз сокинони рустои Умари Хайём, ки нахост номаш бурда шавад. “Садо аз соати 4 бомдод ба гӯш мерасад ва баъдан садои мотосикл меояд. Зоҳиран мардуми онҷо назар ба мо зудтар бедор мешаванд”, – афзуд ӯ.

Барои мардуми ин маҳал, ҳар сокини он тарафи марз “хатар” ҳисоб мешавад ва онҳоро сабагори мушкилоту маҳдудиятҳои худ дар ин тарафи сарҳад медонанд. Аз ҳамлаи хукҳои ваҳшӣ сар карда то ҳамлаи малаху қочоқбарони маводи мухаддир ба зиндагии маъмулии сокинони деҳоти наздимарзӣ халал эҷод мекунад.

Зиндагӣ дар зери тир

Зоҳиран мардуми рустоҳои наздимарзӣ ба садои шабонаи тир ва тирҳои дайду, ки гоҳ-гоҳе аз он тараф шилик мешавад, одат кардаанд. Бекмурод Зардаков, яке аз сокинони маҳаллаи Умари Хайём гуфт, “баъди даҳсолаҳо зиндагӣ, ба садои тир одат кардаам, вале меҳмононе, ки аз шаҳру минтақаҳои дигар ба инҷо меоянд, шаб аз тарс хобашон намебарад."

Баъзе аз сокинон зиндагӣ дар маҳаллаи Хайёмро, зиндагӣ дар кишвари ороме меноманд, ки дар наздикии ҷабҳаи ҷанги кишвари дигар қарор дорад. Эҳтимоли вуруди тундравони исломӣ ба кишвар ва ҳам хабарҳо дар бораи ба дасти Толибон гузаштани минтақаҳои васеи Афғонистонро мардуми маҳаллаи Хайём сабаби сахтиҳо дар зиндагиашон меноманд.

Толибон, ки соли 2001 дар амалиёти байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико сарнагун шуд, дар чанд соли ахир даҳҳо рустои наздик ба марзҳои Тоҷикистонро ишғол карданд. Чанде аз он рустоҳо дар рӯ ба рӯи деҳаи Хайём ҷойгир шудаанд.

Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахори Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, марзи Тахори Афғонистон бо Фархори Тоҷикистон таҳти назорати Толибон қарор дорад. “Танҳо марказҳои ноҳия дар дасти нерӯҳои давлатӣ ҳаст. Деҳоти марз дар дасти мухолифони давлат, яъне Толибон қарор дорад”, - шарҳ дод ӯ.

Ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

Дар умум, ба тахмини мақомоти Тоҷикистон наздики 200 километр аз марзи 1300-километрии ду кишвар зери назорати ҳукумати Афғонистон нест. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аввали соли 2018 гуфт, ки 7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.

Аммо на танҳо Толибон, душмани ҳукумати Афғонистон дар марзи Тоҷикистон фаъол шудаанд, балки гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбекистону дигар гуруҳҳои ҷиноиву қочоқбар дар ин минтақаҳо ҳузур доранд ва эҳсоси хатари сокинони русторо зиёдтар кардаанд.

Баъди тарки марзи Тоҷикистон кардани марзбонони Русия дар соли 2005, сарҳадбонҳои тоҷик масъулияти посбонии марзи тӯлонии кишварро бар уҳда гирифтанд ва қудрату тавоноиашон барои ҳифзи ин марзи куҳистониву осонгузар зери заррабин қарор гирифт.

Тиру тӯп ва хукҳои ваҳшӣ

Дар минтақаҳои дуртар аз маҳаллаи Хайём ҳам вазъ зиёд фарқ намекунад. Эҳсоси тарсу нигарониро дар киштзорҳои Барзгар мебинед, ки дар канори шаҳраки Фархор ҷойгир аст.

Саидабдулло Неъматзода, аз кишоварзони инҷо мегӯяд, яке аз бомдодҳои моҳи июни соли гузашта, як тири тӯпхона дар наздикии гурӯҳе аз заноне афтод, ки дар пахтазор кор мекарданд. Баъди ин, мақомоти Афғонистон дар посух ба баёнияи ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, тиру тӯпро Толибон андохтаанд, ҳарчанд сокинони ин маҳал мегӯянд, муҳим нест, кӣ буд. Муҳим он аст, ки ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад.

“Мо намедонем, кӣ тирборон кард. Ҳеҷ кас ба мо нагуфтааст. Кафолат ҳам нест, ки чунин ҳодиса такрор нашавад”, - мегӯяд Саидабдулло Неъматзода.

Набуди ҳукумати қавӣ дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ сабаби овозаҳои зиёде дар ин тараф шудааст. Бар илова, кишоварзи тоҷик бо ишора ба ҳашароти зиёновар дар киштзорҳояш мегӯяд, “мо барои маҳви ҳашарот доруҳои кимиёвӣ ва дигар усулҳоро ба кор мебарем, вале ин корро бояд бо ҳамоҳангӣ бо кишоварзони тамоми минтақа анҷом диҳем.”

Ноамнӣ дар он тарафи марз, ба ин маънӣ аст, ки ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад. “Агар ҳамсояи Шумо ҳеҷ кор накунад, маҳви ҳашарот натиҷае намедиҳад. Ҳашарот аз он тарафи марз меояд ва заминҳои моро хароб мекунад”, – гуфт Саидабдулло Неъматзода.

“Бар иловаи ҳашарот киштзорҳои Барзгарро хукҳои ваҳшӣ зер кардаанд”, - афзуд мусоҳиби мо ва зироатҳояшро нишон дод, ки хукҳо поймол кардаанд. Ӯ иддао мекунад, ки ин хукҳо аз Афғонистон омадаанд.

Ва қочоқбарон ....

Марзи осонгузар дар имтидоди рӯдхонаи Панҷро солҳои тӯлонӣ ба ҳайси яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн истифода мебаранд. Афюн ва ҳам ҳероин аз инҷо ба Русия, Аврупои Ғарбӣ ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон мерасад.

Дар қочоқ баъзе аз сокинони Тоҷикистонро ҳам гунаҳкор кардаанд ва дар рустоҳои наздики марз қиссаҳоеро мешунавед, ки аъзои хонаводаҳоро, ки дар қочоқ даст доштаанд, гаравгон гирифта ба Афғонистон бурдаанд. Чун натавонистаанд, пули “бори” гирифтаашонро бипардозанд.

Сокинони ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ дар бораи ин ҳодисаҳо зиёд суҳбат намекунанд. Яке аз онҳо фақат ҳаминро гуфт, “медонем, ки солҳои ахир ин ҳодисаҳо кам шудаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солона даҳҳо маротиба бо қочоқбарони маводи мухаддир вориди даргирӣ мешаванд ва ин задухӯрд дар пеши чашмони сокинони рустоҳои наздимарзӣ сурат мегирад. Моҳи декабри соли 2017 Хайриддин Аҳтамов, афсари нерӯҳои марзбонӣ дар чунин даргирие дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушта шуд ва чаҳор тан аз ҳамсафонаш ҷароҳат бардоштанд.

Дар 40-километрии маҳаллаи Хайём дар рустои Чубек моҳи октябри соли 2016 қочоқбарони афғон дар як ҳамлаи ғофилгирона марзбони 27-сола Умедҷон Ҳасановро куштанд. Ҳаким Ҳасанов, падари Умедҷон мегӯяд, писараш дар аввалин моҳи хидмат дар ин ҷо кушта шуд.

Моҳи августи соли 2018 гуруҳи афроди мусаллаҳ ба ноҳияи Фархор ворид шуда, ду ҷангалбонро куштанд. Нафари саввум бо захми тир ба шифохона интиқол ёфт. Сабаби ҳамла то кунун маълум нест, аммо мақомот гуфтанд, гурӯҳи ҳамлагар аз он сӯи марз ворид шуда буд.

Дурнамои тира..

Аз дасти сокинони ин маҳал барои ором кардани минтақае берун аз кишварашон чизе намеояд. Олимҷон Амиршоев, муовини раиси як ҷамоати наздимарзӣ дар Фархор мегӯяд, "ончӣ дар он тарафи марз мегузарад, берун аз контроли мо аст, онҷо кишвари дигар аст."

Аммо дар ин тарафи марз дар андешаи ояндаи сокинон шудаанд. Мақомоти ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ мегӯянд, сари тарҳи кӯчонидани сокинон ба минтақаҳои дигари вилояти Хатлон кор мекунанд, ҳарчанд ҷузъиёти тарҳ ҳанӯз рӯшан нест.

“Мо чунин ваъдаҳоро гоҳ-гоҳе мешунавем, вале ҳеҷ чизи мушаххасе надидаем”, – мегӯяд Гулрухсор Файзуллоева, ки хонаи яктабақааш 100 метр дуртар аз минтақаи назоратии марз ҷойгир аст. Ӯ умед дорад, ҳукумат дар сурати кӯчонидан ба онҳо хона ва ҷуброни муносиб медиҳад.

Гулрухсор Файзуллоева гуфт, “фикр намекунам, ба ин зудиҳо чизе бишавад. Намедонам, ки ҳукумат барои ин кор пул дорад, ё не.”

Яке аз сокинони рустои Хайём он тарафи марзро нишон медиҳад

Валихон Раҳимов, раиси ҷамоати шаҳраки Фархор, ки маҳаллаи Умари Хаём он ҷо ҷойгир аст, рӯзи 24-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта як гурӯҳи корӣ маҳаллаҳои наздик ба марзро санҷид. "Онҳо гуфтанд, ки хонаҳо бояд 200-300 метр дуртар аз нуқтаҳои сарҳадӣ бошанд. Дар маҳаллаи Умари хайём 19 хонавода бояд дар марҳилаи аввал бикӯчад. Ҳоло дақиқ нест, ки кӯчонидани сокинон кай амалӣ мешавад. Барои ин шароит зарур аст", - гуфт ӯ.

Сокини рустои Хайём, ки бо ҳангоси харҳо аз он тарафи марз бедор мешавад, мегӯяд, аз ҳамаи ин мушкилот безор шудааст, вале илоҷ надорад.

Баъди сохтани хонае бо пули зиёд ва чанд қадам дуртар аз минтақаи назоратӣ дар наздикии марз, сокини 30-солаи Фархор умед надорад, ки касе хонаашро бихарад ва ӯ ҳам ночор аст, инҷо бимонад, зеро пули кӯчидан надорад. Ӯро замини арзон, минтақаи сабзи зебо ва замини серҳосил ба инҷо кашид, вале мегӯяд, “намедонистам, ки зиндагӣ дар инҷо чӣ балоҳое дорад.”

Аз тирезаҳои васеи хонаи ӯ, посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистонро мебинед, ки қадам мезананд. Ӯ мегӯяд, “дар инҷо истироҳатгоҳи хубе метавонед, дошта бошед, аммо ҷое нест, ки бихоҳед, доимӣ зиндагӣ кунед”.