Нопадид шудани Осияи 5-сола аз як кӯчаи марказии шаҳри Душанбе сокинони пойтахти Тоҷикистонро нигарон кардааст, ки мабодо чунин ҳодисае бо фарзанди онҳо рух надиҳад.
Нашри эълонҳо дар истгоҳу гӯшаҳои гуногуни Душанбе ва таваҷӯҳи ҷавону пир ба ин эълонҳо нишон медиҳад, ки мардум нав аз ғайб задани Осия Диловарова огаҳ мешаванд. Баъзе аз раҳгузарон бахусус модароне, ки аз ҷумла дар дасташон тифл доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз амнияти фарзандонашон нигарон мешаванд. Айни замон теъдоде аз мусоҳибони Радиои Озодӣ изҳор доштанд, ки бояд волидайн дар Душанбе ба фарзандони худ бештар аҳамият диҳанд ва нагузоранд, ки ҳатто дар пеши хона ҳам танҳо бошанд. Аз худи модарону занони раҳгузар бишнавед, ки дар бораи ғайб задани кӯдакон чӣ мегӯянд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад