Суқути се ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти низомии Амрико гуфтанд, ки се ҳавопаймои ҷангии ин кишвар дар Кувайт сарнагун шудааст.

Онҳо сабаби афтодани ҳавопаймоҳои F15-ро хатои нерӯҳои дифои ҳавоии Кувайт донистанд, ҳарчанд Эрон инро натиҷаи зарбаҳои худ меномад.

Ин нахустин мавриди сарнагун шудани ҳавопаймоҳои Амрико аз оғози ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба зидди Эрон дар охири ҳафтаи гузашта ба шумор меравад.

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 2-юми март дар изҳороте гуфт, шаш сарнишин пеш аз сарнагунии ҳавопаймоҳои F-15 худро бо чатр берун андохта, ба замин фаромадаанд.

Вазорати дифои Кувайт пештар дар баёнияе аз сарнагун шудани чанд ҳавопаймо хабар дода, гуфта буд, ки сарнишинҳо наҷот ёфта ва ба бемористон бурда шудаанд. Ҷониби Кувайт дар бораи сабаби ҳодиса ва тирандозии иштибоҳӣ чизе нагуфт.

Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ афтодани як ҳавопаймо бар фарози шаҳри Ал-Ҷаҳраи Кувайт ва фурудойии як нафар бо чатр дида мешавад.

Ҳамлаи якҷояи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон, ки Вашингтон онро амалиёти "Хашми ҳамосӣ” номидааст, рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд.

Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Исроилу Амрико, пойгоҳҳои низомии ИМА ва шаҳрҳои атрофи Халиҷи Форсро бо паҳподу мушак нишон гирифт.

То кунун дар бораи ҳалокати се ва ҷароҳати шаш низомии амрикоӣ хабар дода шудааст.

Қароргоҳи Флоти панҷуми нерӯҳои баҳрии Амрико дар Манама, пойтахти Баҳрайн, рӯзи 28-уми феврал бар асари зарбаҳои мушакии Эрон осеб дид.