Рӯзи 2-юми сентябр 115-солагии Сотим Улуғзода, яке аз чеҳраҳои мондагори садаи 20-и Тоҷикистон аст. Осори ин нависандаи барҷаста -- "Фирдавсӣ", "Ривояти суғдӣ", "Восеъ", "Субҳи ҷавонии мо", "Алломаи Адҳам", "Достонҳои "Шоҳнома", "Марги ҳофиз", "Қисмати шоир" ва "Темурмалик" -- на танҳо роҳи насри муосир, театр ва синемои тоҷикро пай рехтанд, балки ба рушди худшиносии миллии тоҷикон таъсири амиқ гузоштанд. Сарнавишти Улуғзода бисёр пурпечутоб буда, пас аз фирори писараш Азиз ба Ғарб, зери фишори мақомоти Иттиҳоди Шӯравӣ уфтод, аммо шикаста нашуд ва осори гаронбаҳое ба вуҷуд овард. Радиои Озодӣ бо Абдухолиқи Набавӣ, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ роҷеъ ба мероси адабии Сотим Улуғзода суҳбате орост.
Абдухолиқи Набавӣ: "Устод Улуғзода аз адибони насли дуюми адабиёти муосир ҳастанд. Дар деҳаи Варзики вилояти Фарғона дар Узбекистони имрӯза таваллуд шудаанд. Ин минтақаи тоҷикнишин мебошад. Модарашон, ки донандаи хуби ашъори Ҳофиз буданд, инро дар зеҳни писарашон хуб ҷой дода буданд. Падари Улуғзода ҳам як одами ҳалолкору меҳнаткаш ва дар айни замон паҳлавонҷусса буданд. Падару модари Улуғзода барвақт даргузаштанд. Ҳамагӣ 10-сола буданд ва дар ятимхона тарбия ёфтанд. Ҳамин чиз сабаб мешавад, ки дар бачагӣ бо адабиёти русу узбеку халқҳои дигар шинос мешаванд."
Радиои Озодӣ: Яъне, дар хурдӣ забони русиро аз худ мекунанд?
Абдухолиқи Набавӣ: "Бале, бо бачаҳои рус дӯстӣ карда, ба хонаҳояшон рафтаву китобҳои онҳоро мехонданд. Дар ибтидо тафаккурашон дар заминаи адабиёти воқеъгаро тарбия ёфт. Он кас, масалан, мактаби кӯҳна ё мадрасаро хатм накардаанд. Аз ибтидо ҷанбаҳои фарҳанги шарқию ғарбӣ дар зеҳнашон нишаст. Сипас, замони таҳсил дар дорулмуаллимини Тошканд ҳам бо адабиёти наве, ки пайдо мешуд, зуд ошно мешуданд."
Радиои Озодӣ: Инсони муосир, замонавӣ буданд...
Абдухолиқ Набавӣ
Абдухолиқи Набавӣ: "Бале, тафаккури адабиашон муосир, имрӯзӣ буд. Тарҷумаи аввалини Улуғзода ҳам аз русӣ асари нависанда Алексеев буд, ки ба дасти Садриддин Айнӣ мерасад ва Айнӣ супориш медиҳанд, ки ин асар чоп шавад ва ин тарҷумони ҷавонро дастгирӣ кунанд. Улуғзода мегуфтанд, ки Айнӣ роҳи он касро дар адабиёт боз кардаанд. Дар дорулмуаллимин таърихшинос Андреев ба он кас насиҳат кардааст, ки “халқи худро шинос” ва ин чиз дар зеҳни он кас мешинаду тамоми умр як ёдоварие буд, ки он касро ба худшиносии халқу ватану миллаташон раҳнамоӣ кард. Улуғзода соли 1931 ба Тоҷикистон омада, фаъолияти худро дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” шуруъ карда, ҳамзамон дар оғоз ба нақди адабӣ рӯ меоранд. Соли 1944 дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ҳайси мухбир кор карданд ва баъди бозгашт, то соли 1946, ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуданд."
Радиои Озодӣ: Ба навиштани наср баъди ҷанг рӯ оварданд?
Абдухолиқи Набавӣ: “Аввалин ҳикояҳояшон “Бибӣ” ва “Дар размгоҳ”-ро бисёр воқеӣ ва табиӣ навиштанд. Масалан, гуфтанд, афсар мисли тонк ба ҷанг намеравад, балки аввал дар дилаш ваҳму ҳаросу андеша пайдо мешавад ва баъд омода шуда, ба ҷанг меравад. Он давра Улуғзодаро танқид карданд, ки “ту афсари шӯравиро тарсу гуфтӣ”. Дар қиссаи “Ёрони боҳиммат” саргузашти як занеро тасвир кардаанд, ки шавҳараш ба ҷанг меравад, аз вай хабаре намешавад ва ӯ дубора ба шавҳар мебарояд. Вале баъд ҷасорат пайдо карда, ба оилаи аслии худаш бармегардад. Нақди он давра он касро танқид кард, ки “ту зани тоҷикро ба шавҳари дигар додӣ”.
Сотим Улуғзода (рост) бо Боқӣ Раҳимзода (чап)
Радиои Озодӣ: Аз ин танқидҳо дилсард нашуданд?
Абдухолиқи Набавӣ: “На, он кас ба ин бовар буданд, ки асар бояд заминӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ бошад. Асли инсонро тасвир кунад. Ба худ эътимод доштанд. Соли 1954 “Субҳи ҷавонии мо”-ро навиштанд, ки бисёр машҳур шуд. Асари тарҷумаҳолӣ ва нимабадеӣ аст. Зинаи наве дар тасвири зиндагии шахсият дар насли тоҷик гардид. Пӯлод Толис маводи тарҷумаҳолии сирф бадеӣ эҷод кард ва бо ҳамин роҳ адабиёти мо ба насри сирф психологӣ расид, яъне “Тобистон”-и Толис, “Ман гунаҳкорам”-и Ҷалол Икромӣ..."
Радиои Озодӣ: Филмномаҳояшон ҳам дар ҳамон давра навишта шудааст?
Абдухолиқи Набавӣ: “Бале, масалан, кинономаи “Ҷавонии Ибни Сино” ё “Қисмати шоир”. Ин филмномаҳо бисёр муваффақ ҳам буданд. “Қисмати шоир” соҳиби мукофоти “Уқоби тилоӣ” ҳам гашт. Баъди ин, устод Улуғзода ба навиштани асарҳои таърихӣ шуруъ карданд. Яке аз асарҳои муҳими таърихиашон романи “Восеъ” (1967) аст. Восеъ қаҳрамони халқ буду ба муқобили аморат мубориза бурд ва эътироз карду умраш бо фоҷеа ба охир расид. Сотим Улуғзода ба воситаи романи “Восеъ” дар адабиёти мо қолаби романи суннатии ғарбиро ҷорӣ карданд.”
Радиои Озодӣ: Яъне то он дам касе чунин наменавишт?
Абдухолиқи Набавӣ: “Ин ҳам навгароӣ буд ва зери таъсири адабиёти рус ва ғарбӣ омада буд. Мо то он вақт чанд роман доштем, романҳои суннатӣ буданд. Аммо романи “Восеъ” асари тадқиқию таҳлилӣ аст.”
Инро ҳам бинед:
Абдураҳмони Абдуманнон: "Ҳеч кас ҳақ надорад одамонро бо туҳмат аз байн барад"Радиои Озодӣ: Бархе мегӯянд, “Улуғзода азбаски дарди рӯзро ошкор гуфта наметавонист, ба таърих рӯ овард”. Ҳамин андеша рост аст?
Абдухолиқи Набавӣ: “Таърихи худро шинос” – ин аз ҳамон давраи донишҷӯӣ сар шудааст. Ин марҳилаи аввали зиндагиашон буд. Баъди ҷанг, вақте дар рӯзнома кор мекарданд, бо мақсади тарғибот ба он кас мегӯянд, “раву аз таърихи мардумат аз китобхонаҳо мавод ҷамъ кун”. Яъне, ҳукм кардани он ки Улуғзода баъд ба таърих рӯ оварданд, дуруст нест. Дар ҷараёни омӯзиш ба ҳамин чиз расиданд. Ҳатто вақте раиси Иттифоқи нависандагон буданд, номи қаҳрамонҳои миллиро ёдовар шуда, мегӯянд, ки дар бораи онҳо асар навиштан лозим. Аммо баъди “Восеъ” ба сарашон мушкилоти зиёде омад, вақте писарашон Азиз аз Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, ба Бритониё рафт. Устодро аз маҳкамаҳои ҳизбӣ гузаронида, аз сафи ҳизб ҳам берун карданд. Дар ҳамин давра “Марги ҳофиз” ном ҳикояро навиштанд.”
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ин асар дар бораи худи Сотим Улуғзода аст, дуруст?
Ба сарчашмаҳо эътимод доштанд. Асарҳои таърихиашон ҳамеша асоснок ва боэътимод будааст. Дигар ин ки инсонҳои пурқувватро тасвир карданд – аз падарашон сар карда, то Сино, Дониш, Фирдавсӣ ва Восеъ.
Абдухолиқи Набавӣ: “Ин асари бадеӣ аст. Ин асар ба ватан содиқ буданро дар зеҳнашон бедор кард ва дар мисоли як ҳофизи ҳиндӣ ҳамин масъаларо навиштанд. Як силсила асарҳои драмавӣ навиштанд: “Темурмалик”, “Алломаи Адҳам” ва дигарон. Баъд “Ривояти суғдӣ”-ро навиштанд. Баъди он ҳодисаҳо худро гуё масъул намедонистанд, ки дар бораи рӯзгори имрӯза чизе нависанд. Дарди дил, ормонҳояшонро аз мавзӯи гузашта аз “Ривояти суғдӣ” ҷустуҷӯ карданд, ё аз сарнавишти Аҳмади Дониш – “Алломаи Адҳам”, ё аз “Фирдавсӣ” ҷустанд. Он кас ба воситаи таърих худро зинда нигаҳ доштанд. Ба воситаи ҳамин асарҳояшон чизҳое тоза гуфтанд. Онгуна, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтаанд, Улуғзода сабк ё ҷараёни реализми сирфро дар адабиёти тоҷик асос гузоштанд. Он кас ба сарчашмаҳо эътимод доштанд, асарҳои таърихиашон ҳамеша асоснок ва боэътимод будааст. Дигар ин ки инсони пурқувватро тасвир карданд – аз падарашон сар карда, то Сино, Дониш, Фирдавсӣ ё Восеъ – инҳо ҳама қаҳрамонҳои тавоно, пуриқтидор, мубориз ҳастанд. Ҳамин хел як образи наверо дар насри мо ба вуҷуд оварданд, ки инҳо ҳам аз назари миллӣ ва ҳам маънавӣ тарбиятдиҳанда ҳастанд. Забонашон ҳам пухтаву тасвирӣ ва равону ширин аст.”
Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки Улуғзода як сутуни ҷудогонае дар адабиёти асри 20 ҳастанд?
Абдухолиқи Набавӣ: “Бешубҳа, он кас равияи нави насрро ба вуҷуд оварданд. Шахсияти комил ҳастанд.”