Духтарони ҳиҷобпӯш дар Бритониё

Санъои 10-сола рӯзҳои шанбе ба макаби исломии воқеъ дар маҳаллаи Лейтони Лондон меравад. Аммо рӯзҳои дигар ҳиҷоб намепӯшад.

Санъо ва хоҳари 7-солааш Исро дар роҳ ба сӯи мактаби Лейтон

Санъо ва Исро

Амираи 12-сола роҳии як майдони конкитозӣ дар шарқи Лондон аст. Ҳарчанд модари Амира мегуфт, ки ӯ ҳанӯз ҷавон аст, ин духтар аз синни 9-солагиаш ба пайравӣ аз аксари дӯстони худ ба пӯшидани ҳиҷоб оғоз кардааст.  Амира мегӯяд, 60 ило 70 ҳиҷоб дорад.

Амира ҳангоми конкитозӣ

Мадинаи 12-сола ва Афшои 11-сола дар канори масҷиде дар ғарби Лондон. Онҳо ҳарду аз 8-солагӣ ба пӯшидани ҳиҷоб сар кардаанд.  Мадина ва Афшо мегӯянд, ба далоили мазҳабӣ ва ҳам ба сабаби мӯд шудани ҳиҷобу ҳимояти худ ҳиҷоб ба сар кардаанд.
 

Бренда аслан аз Мексикост ва баъди тарки мазҳаби католикӣ ва рӯ оварданаш ба Ислом ҳиҷоб пӯшидааст. Ӯ мегӯяд, тамоми қонунҳои шариатро иҷро мекунад.  Ӯ як замон мехост роҳиба шавад, вале азбаски фарзанддор шудан мехост, аз ин азм даст шуст.

Бренда бо духтаронаш

Сумрини 18-сола ба кӯдакон дар маркази кӯдакони мактаби исломии Лондон таронаҳои исломиро ёд медиҳад. Ӯ баъди дар заминаи бадбинии нажодӣ таҳқир шуниданаш аз тарафи як ронанда азм кард, ки ҳиҷоб бипӯшад.

Сундас(аз чап), модараш Ноҳид ва хоҳараш Шанзо (аз рост) дар манзилашон дар минтақаи Волтҳомстоу дар шарқи Лондон.  Ин ду духтар бар хилофи раъйи волидонашон ҳиҷобпӯш шудаанд. Модари онҳо мусалмон аст, вале ҳиҷоб намепӯшад.

Сундас дар маросими арӯсиаш либоси арӯсии покистониро ба тан карда буд. Ӯ танҳо аз 18-солагӣ қарор кард, ки ҳиҷоб бипӯшад.

Ясмини 16-сола (аз чап) ва ҳамсоли Ҳано баъди хатми имтиҳонҳо дар мактаби Ҳакни дар шарқи Лондон. Ҳано аз 12-солагӣ бо иҷозати падару модараш ҳиҷоб мепӯшад ва мегӯяд, ин тасмим чизеро дар зиндагиаш тағйир надодааст. Албатта, ба истиснои муносибати ӯ бо Худо.

Ясмин, Ҳано ва дӯстони онҳо дар боғ