Варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи XXV байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар ин мусобиқаи ҷашнӣ, ки барои бори 25-ум барпо гардид, 73 варзишгар аз 13 минтақаи Федератсияи Русия ва 4 даста аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар - Фирдавс Ҷомуродов ва Сиёвуш Зуҳуров – намояндагӣ карданд.
Сиёвуш Зуҳуров дар рақобатҳо дар вазни беш аз 91 кило бар Антон Меркулов аз Ханти-Мансийски Русия аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба нимфинал баромад. Вале муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз рақобат бо Рашид Кодзоев (Ингушистон, Русия) даст кашид ва дар натиҷа барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Фирдавс Ҷомуродов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Кирилл Никифиров аз Челябинск бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Ғолибони мусобиқаи XXV байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков:
вазни 49 кг - Андрей Потёмкин (вилояти Уляновски Русия)
вазни 52 кг - Кирилл Никифоров (Челябинск)
вазни 56 кг - Фарҳод Боймуродов (Узбакистон)
вазни 60 кг - Руслан Комилов (Ханти-Мансийски Русия)
вазни 64 кг - Эдуард Хусаинов (Перми Русия)
вазни 69 кг - Алфред Иброҳимов (вилояти Свердловски Русия)
вазни 75 кг - Иван Никонов (вилояти Свердловски Русия)
вазни 81 кг - Роман Улихин (вилояти Свердловски Русия)
вазни 91 кг - Александр Сидорин (Екатеринбурги Русия)
вазни +91 кг - Рашид Кодзоев (Ингушетистони Русия)