Шоири тоҷик Сиёвуш Ҷунайдӣ ба ватан баргашт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сиёвуш Ҷунайдӣ, яке аз шоирони шинохтаи тоҷик, ки ҷанги дохилӣ сабаб шуд, тарки ватан кунад, пас аз даҳсолаҳо ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ, ки бештар аз 30 сол дар Қирғизистони ҳамсоя зиндагӣ мекард, мегӯяд, сафар ба ҳар ҷо хуб аст, ба шарте ки барои дидану саёҳат бошад, на ғарибиву муҳоҷирати тӯлонӣ.