Шодию мотами эрониён дар марги Хоманаӣ
Як гуруҳ аз шаҳрвандони Эрон барои оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мотам гирифтаанд, ки рӯзи 28-уми феврал дар ҳамлаи Исроил ва Амрико кушта шуд.
Ин занҳо рӯзи 1-уми март дар майдоне дар Теҳрон барои Хоманаӣ мотам гирифтаанд.
Эрониёни муқими Ҷопон ба назди Сафорати Эрон омада, бо парчами шер ва хуршед ва парчами Амрико аз марги Хоманаӣ хурсандӣ доранд.
Эътирозгарони тарафдори гуруҳҳои мусаллаҳи шиаи Ироқ баъди кушта шудани Алии Хоманаӣ дар назди даромадгоҳи "минтақаи сабз" -и шаҳри Бағдод.
Хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст, ки пулиси Ироқ барои пароканда кардани садҳо эътирозгари тарафдори Эрон аз гази ашковар ва норинҷакҳои садоӣ истифода бурдааст.
Як оилаи эронӣ-амрикоӣ дар аёлати Вирҷиния баъди эълони хабари марги Хоманаӣ хушҳолӣ доранд.
Занони мусалмони шиъа дар раҳпаймоии эътирозӣ дар минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон шиорҳои зидди ИМА ва зидди Исроил сар медиҳанд.
Марди шиъа бо акси Алии Хоманаӣ дар минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон.
Зане бо парчами шеру хуршед, ки то инқилоби соли 1979 нишони Эрон буд. Шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико.
Тарафдорони Хоманаӣ дар Теҳрон барои марги ӯ мотам гирифтаанд.
Шоми 28-уми феврал дар баъзе қисматҳои Теҳрон мардуми зиёде ҷамъ шудаанд ва аз хабари марги Хоманаӣ хурсандӣ доранд.