"Вазъаш хуб нест." Шикояти наздикони Саидумар Ҳусайнӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз идомаи фишор ба ӯ ва вазъи нохуби саломатияш дар маҳбас шикоят дорад. Ҳусайнӣ 65-сола аст ва бо айбномаҳои, ба гуфтаи наздикону ҷонибдоронаш, беасос ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.