"Шифохонаи муносиб нест, маҷбурем кӯдаконро барои табобат ба Душанбе барем!"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар минтақаи Кӯлоб бисёр сокинони маҳаллӣ ва ҳам мақомот аз набуди беморхонаи махсус барои табобати кӯдакон интиқод мекунанд. Ин танқид давоми чанд сол аст садо медиҳад, чун баъди бастани шифохонаи кӯдакон, то ҳол як муассисаи тиббии махсус ва муҷаҳҳазу замонавӣ барои кӯдакон бунёд нашудааст.