Салмон Қурбоновро "Арманистон ронд", Тоҷикистон зиндонӣ кард

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Тоҷикистон як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлонро, ки "Арманистон дастгир ва сипас ба Душанбе супурда будааст", ба панҷуним сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми Салмон Қурбонов дар моҳи марти имсол дар Додгоҳи шаҳри Душанбе содир шуда, Радиои Озодӣ дар бораи он нав хабар ёфт. Ӯ 48-сола ва соҳиби се фарзанд аст.

Дар мақомоти умури дохилии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ниҳодҳои дигар, аз ҷумла Додгоҳи шаҳри Душанбе ба зангҳои мо посух надоданд. Маълум нест, ки таҳқиқи парвандаи Салмон Қурбонов ва муҳокимааш дар додгоҳ чӣ гуна гузашта ва далели мақомот чӣ будааст.

Яке аз пайвандони ӯ бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Салмон Қурбоновро ба тундгароӣ гунаҳкор кардаанд ва ӯ "феълан дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар Душанбе аст ва интизор меравад рӯзҳои наздик ба зиндон бурда шавад".

Вай афзуд, Салмон Қурбонов бо айбномаи эълонкардаи мақомот розӣ нест, аммо на ҳангоми таҳқиқи парванда ва на дар мурофиаи додгоҳӣ барои ҳимояти ҳуқуқии худ вакили мудофеъ (адвокат) надошт.

Дар мавриди онки далели мақомот барои боздошту муҳокимаи ӯ чӣ будааст, хешованди Салмон Қурбонов гуфт, онҳо язгуломӣ ҳастанд ва пас аз боздошту муҳокимаи гурӯҳии ба истилоҳ “ҳамдеҳагони худ” чанд муддат боз таҳти санҷишу ҷустуҷӯ қарор доранд. Мақомот дар гузашта ҳадафмандона боздошт кардани сокинони ин ё он минтақаро инкор кардаанд.

Язгулом номи ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Язгуломиҳо ба ҷуз ин минтақа дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиндагӣ мекунанд. Дар як соли охир тақрибан ду соли охир даҳҳо нафари онҳо бо иттиҳоми ифротгароӣ ва пайравӣ аз равияҳои навпайдои мазҳабӣ дастгир ва ба зиндон андохта шудаанд. Худашон иттиҳомҳоро намепазиранд.

"Салмон Қурбонов солҳо дар Русия дар муҳоҷирати корӣ буд. Пас аз шурӯи таъқибу боздошти язгуломиҳо ӯ ба Арманистон рафт ва мехост, аз онҷо ба ягон кишвари аврупоӣ равад. Азбаски ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ дода будаанд, дар Арманистон дастгир ва моҳи декабри соли 2025 ба Тоҷикистон фиристода шуд," -- гуфт мусоҳиби мо.

Солҳои охир ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арманистон бештар ва то кунун боздошту раҳоӣ ва ҳамзамон таслими бархеи онҳо ба Душанбе расонаӣ гаштааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Арманистон ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе додаастАрманистон Асомуддин Раҷабовро ба Тоҷикистон таслим накардаастТақдири норӯшани ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Арманистон"Моддаи 307". Боздошт ва раҳоии писари Зафари Сӯфӣ дар Арманистон

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста мақомоти Тоҷикистонро барои боздошту мурофиаҳои баставу ношаффоф танқид карда, гуфтаанд, гуноҳи шахс бояд дар пайи баррасиҳо бар пояи қонун исбот шавад, то шубҳае дар гунаҳкор будани ӯ намонад.

Мақомоти Тоҷикистон ба рӯйи аксар парвандаҳо муҳри махфӣ зада, бархеи дигарро боз, аммо бе даъвату ҳузури хабарнигорони мустақилу байнулмилалӣ мегузаронанд. Биноан, ҷузъиёти парванда ва мурофиаҳои додгоҳие чун қазияи Салмон Қурбонов норӯшан мемонад.