Русия дар садад аст, ки имсол дар Тоҷикистон боз ду маркази нави тарғиби забон, фарҳанг ва адабиёти русро боз кунад. Яке аз ин марказҳо бахше аз идораи "Россотрудничество" дар шаҳри Хуҷанд ва дигаре бунгоҳи забон ва адабиёти рус дар назди калисои православӣ ё ортодокси шаҳри Душанбе хоҳанд буд.
Михаил Вождаев, роҳбари идораи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон рӯзи 23 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бунёди филиали ин идора дар шаҳри Хуҷанд дар доираи созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар сурат мегирад. Тибқи ин ҳуҷҷат, ҷониби Тоҷикистон низ ҳақ дорад дар Русия марказҳои забону фарҳанги худро боз кунад.
Русия тайи солҳои охир талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад, ки забони русӣ мавқеи хешро дар кишварҳои пасошӯравӣ аз даст надиҳад.
Ӯ гуфт: “Русия чанд соли қабл нияташро ҷиҳати бунёди бахши "Россотрудничество" дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошта буд. Танҳо моҳи феврали соли равон сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо як нота розигии Тоҷикистонро ҷиҳати бунёди ин марказ дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт”. Ҷаноби Вождаев афзуд, қарор аст дар нимаи дуввуми моҳи сентябр ин марказ дари худро ба рӯи ҳаводорон боз кунад.
Русия тайи солҳои охир талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад, ки забони русӣ мавқеи хешро дар кишварҳои пасошӯравӣ аз даст надиҳад. Рӯзи 21-уми июн роҳбари идораи "Россотрудничество" - ниҳоди масъули тарғибу ташвиқи забон фарҳанг ва адабиёт рус дар хориҷа, ба расонаҳои Русия гуфт, ниҳоди зери раҳбариаш имсол ба хотири густариши забони русӣ дар хориҷ 300 миллион рубл, ҳудуди 50 миллион доллар маблағ харҷ хоҳад кард.
Аммо чаро барои Русия ба русӣ балад будани як тоҷик ва ё узбеку қирғиз то ба ин ҳад муҳим аст, ки омодааст ба ин хотири миллионҳо доллар харҷ кунад? Сотим Ризқулов, коршиноси масоили байналмиллалӣ дар Қазоқистон мегӯяд, Русия ин нуктаро дарк кардааст, ки бо танг шудани мавқеи забони русӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, нуфузашро аз даст медиҳад.
Ин коршиноси қазоқ гуфт, “бубинед, ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ, ки аз Русия ба истилоҳ “рӯ тофтанд”, нахуст аз истифодаи забони русӣ даст кашиданд. Мисолҳо зиёданд. Нахуст кишварҳои назди соҳили Балтик, баъдан Гурҷистон ва ахиран Украина. Вақте истифодаи забони русӣ дар кишваре кам шуд, ҳатман ин кишвар аз устувонаи сиёсатҳои Русия хориҷ мешавад. Инро Русия хуб дарк мекунад ва бинобар ин, барои густариши забони русӣ ва ё ҳадди ақал нигоҳ доштани мавқеи қаблии он, талош мекунад”.
Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, русиро балад будани мардуми ин ё он кишвари пасошӯравӣ ба маънои дар мадори сиёсии Русия қарор гирифтани мардуми он аст. Ҳамин ки шумораи донандагони забони русӣ кам шуд, пиёдасозии сиёсатҳои Кремлин низ дар ин кишвар душвор ва ё ҳатто ғайримкон мешавад.
Чаро барои Русия ба русӣ балад будани як тоҷик ва ё узбеку қирғиз то ба ин ҳад муҳим аст, ки омодааст ба ин хотири миллионҳо доллар харҷ кунад?
Ҳарчанд муносибати давлати Тоҷикистон ба нуфузи забони русӣ дар кишвар нарму то ҳадде дӯстона аст, аммо Русия пас аз таҷрибаҳои талхаш дар кишварҳои назди Балтик, Гурҷистону Украина ба ҳар як гашти хурди Тоҷикистон ба сӯи худшиносӣ ва таърихи худ, ҳасосият нишон медиҳад. Барои мисол, расонаҳои Русия ҳатто иваз шудани номи шаҳри Чкаловск ба Бӯстон дар шимоли кишвар ва роиҷ шудани номгузориҳои анъанавии тоҷикиро дар Тоҷикистон ба таври густарда пӯшиш дода, инро “аломатҳое аз рӯ задани русофобия ва ё руситезӣ” унвон мекарданд. Матбуоти русӣ инчунин ба талоши аз бархе унсурҳо шӯравӣ даст кашидани Тоҷикистон, аз ҷумла, табдили исми кӯчаҳои ба номи қаҳрамонҳои даврони шӯравӣ номгузоришударо бо ҳассосият қабул мекунад.
Августи соли 2016 дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова ба саволи хабарнигорон дар бораи тасмими Тоҷикистон дар бораи дасткашӣ аз исми бархе қаҳрамонҳои даврони шӯравӣ ҳам посух дода гуфта буд, ки "ин ҳама бахше аз таърихи муштараки мо аст" ва "умедвор аст, нигаронии созмонҳои ветеранҳои ҷангро мақомот ба инобат мегиранд".
Ҳарчанд давлати Тоҷикистон ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ташвиқ мекунад, аммо коршиносон мегӯянд таҳти таъсири омилҳои гуногун шумори русидонҳо дар Тоҷикистон торафт кам мешавад.
Музаффар Олимов мегӯяд, як тадқиқоти охирин дар ин замина, ки тақрибан 5 сол пеш гузашта буд, нишон медиҳад, ки танҳо 25 то 30 дарсади тоҷикон бо забони русӣ балад ҳастанд. Вай гуфт: “Дар Тоҷикистон шумораи донандагони забони русӣ сол аз сол кам шуда истодааст. Дар мо ҳар сеюмин ва ё чорумин тоҷик бо забони русӣ балад аст, ки 25-30 дарсади аҳолиро ташкил мекунад”. Ин дар ҳолест, ки забони русӣ дар даврони шӯравӣ барои аксар сокинони ин қаламрав, аз ҷумла Тоҷикистон, забони аввал ваё ҳадди аққал дуюм буд. Танҳо нафарони ангуштшумор комилан ба русӣ сӯҳбат намекарданд.
Ҷаноби Олимов афзуд, ҳарчанд дар робита бо тақвият додани омӯзиши забони русӣ дар кишвар қарори махсус содир шуда буд, аммо то ҳанӯз дар ин робита натиҷаи чашмрасе ба даст наомадааст.
Далели аслиаш, ба ба қавли коршиносон, объективӣ аст ва ба коҳиши мавқеи забони русӣ дар ҷомеа, кам шудани доираи истеъмоли он, тақвияти мавқеи забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ дар низоми коргузорӣ ва муошираву муомилоти дигар гуфта мешавад. Зарурати ҳаётӣ барои истифодаи забони русӣ маъмулан ба ҳангоми сафар ба Русия, аз ҷумла бо ҳадафи кор дар ин кишвар пеш меояд.
Масъулин дар Тоҷикистон пинҳон намекунанд, ки сабаби дигари коҳиши доираи истеъмоли забони русӣ ба низоми маориф рабт мегирад. Норасоии муаллимони забони русӣ дар мактабҳо яке аз мушкилоти ҷиддӣ номбар мешавад.
Михаил Вождаев мегӯяд, имсол қарор аст, ки нахустин гуруҳи устодони забони русӣ ба Тоҷикистон сафарбар шаванд: “Ҳоло барномае дар ҳоли иҷрошавӣ аст, ки онро сафири Русия дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Бар тибқи он, бояд имсол ба Тоҷикистон 30 нафар муалллимони забони русӣ биёянд, ки дар литсейҳои президентӣ дар минтақаҳои кишвар дарс хоҳанд гуфт.”
Вай афзуд, мушкили ба он хотир солҳо боз муаллақ боқӣ мемонад, ки аз рӯи арзёбиҳои мутахассисон, назар ба фиристодани муаллимон аз Русия, тарбияи муттахассисон дар дохили Тоҷикистон арзонтар мебошад.
Дар Тоҷикистон дар чанд донишгоҳ - Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи миллӣ, омӯзгорӣ ва забонҳо муаллимони забони русӣ омода мешаванд. Вождаев гуфт, асли масъала дар он аст, ки коре бояд кард, то муттахассисони ҷавоне, ки аз донишгоҳҳо хориҷ мешаванд, хоҳиши дарс гуфтан дар мактабҳоро пайдо кунанд.