Ҳайвоноти нодири Русияро кӣ наҷот медиҳад?


Мушҳои обу хушкигарди Русия дар соҳилҳои рӯдҳои Волга, Дон ва Урал ба чамш мехӯранд, вале пашму пӯсти нодири ҳайвон боиси шикори бесару сомони ин ҳайвон ва коҳиши шумораи он гардидааст. Тахмин мешавад, ки шумораи ин навъи мушҳои Русия аз 40 ҳазор сар беш нест.

 

Леопард ё худ гурбаи ваҳшии Амур дар бахшҳои бузурги Осиё ба сар мебурд, вале имрӯз фақат дар минтақаи Примореи Русия ва вилояти Ҷилини Чин мушоҳида шудааст. Пажӯҳиши соли 2007-ум собит намуд, ки дар озодӣ ҳамагӣ 30 сар гурбаи ваҳшии Амур боқӣ мондааст.

Бузи кӯҳии маъруф бо номи Сайгак замоне дар саросари Аврупову Осиё сайр мекард, вале ҳоло фақат дар манотиқи марзии миёни Русияву Қазоқистон ба сар мебарад. Тибқи омори ҳомиёни ҳайвонот феълан дар дашту биёбонҳои ваҳшӣ фақат 150 ҳазор Сайгак боқӣ мондааст.

 

Белуга ва ё наҳанги арктикӣ ҳам дар рӯйхати ҳайвоноти нодир ва камшумор шомил мебошад. Агар шикори он манъ нашавад, ояндаи Белуга зери суол аст.
 

Хирси сафед бузургтарин даррандаи рӯи олам аст. Баъзе хирсҳои сафед то 800 килограмм вазн доранд.  Ҳоло дар саросари олам тахминан 20-25 ҳазор хирси сафед  мавҷуд аст. Тағйири иқлит ҳаёти хирси сафедро душвор намудааст