Русия модари Тӯтишо Амиршоевро ба Душанбе супурдааст

Амчигул Амиршоева, модари Тӯтишо Амиршоев

Амчигул Амиршоева, модари Тӯтишо Амиршоев, ҷавоне, ки соли 2021 дар эътирозҳои Хоруғ кушта шуда буд, дар Русия дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми апрел гуфтанд, ки Амчигул Амиршоева пас аз кушта шудани фарзандаш мақомоти тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард ва дар пайгард қарор дошт. Ба гуфтаи онҳо, ин зан ҳоло дар як боздоштгоҳ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошт ва Душанбе оварда шудани Амчигул Амиршоеваро тасдиқ ё рад накардаанд.

Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова, ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, 9-уми апрел дар Фейсбук навишт, ки ин зан бо дархости ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар Русия боздошт ва маҷбуран ба Душанбе оварда шудааст.

Ба навиштаи ӯ, дар боздошти Амиршоева кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон иштирок доштаанд.

Амчигул Амиршоева пас аз марги фарзандаш ба Русия рафта, дар онҷо кору зиндагӣ мекард.

Ба гуфтаи наздиконаш, Тӯтишо Амиршоеви 23-сола рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ дар як эътирози осоишта аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шуд, вале мақомот пайваста мегӯянд, онҳоеро “безарар карданд", ки муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд.

Амчигул Амиршоева зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору акс аз писараш нашр карда, мақомоти тоҷикро танқид мекард.

Эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар амалиёти мақомот кушта шуд. Сокинон дар Хоруғ аз мақомот хостанд, омилони қатли Зиёбековро дастгир кунанд.

Ин эътирозҳо, ки аз охири соли 2021 то нимаи соли 2022 давом кард, дар умум боиси боздошт ва кушта шудани даҳҳо сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.