Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, он шаҳрвандони Русия, ки ҷанги зидди Украинаро маҳкум карда, аз сафарбарии умумӣ ё басеҷ ба Қазоқистон паноҳ бурда буданд, зери зарба ҳастанд.
Ба қавли масъулони “Слово зашите”, мақомоти амниятии Қазоқистон эҳтимол ба ихроҷи дастҷамъии онҳо шуруъ кунанд. Ин нигаронӣ дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон парвандаи густардаи ҷиноиро дар мавриди додани иҷозаномаҳои қалбакии иқомат дар ин кишвар таҳқиқ мекунад.
“Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки парвандаи иҷозаномаҳои ҳаққи иқоматро на Хадамоти муҳоҷират, балки КДАМ баррасӣ дорад, шояд гап сари ихроҷи дастҷамъона аз рӯйи феҳрасти ҳамоҳангшуда бо Русия равад. Теъдоди зиёде аз паноҳҷӯёни рус дар Қазоқистон ҳастанд. Шояд ҳарф сари даҳҳо ҳазор равад, ки дар ҳолати номуайянии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ қарор доранд,” -- гуфта шудааст дар хабарномаи тарҳи "Слово зашите".
Чанд рӯз пеш дар ҳошияи як ҷаласаи порлумон, рӯзноманигорон аз Ерҷан Ашиқбоев, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар бораи паноҳҷӯёни рус пурсиданд. Ӯ ихроҷи паноҳҷӯёни русро тасдиқ ё рад накард.
Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт: “Мо наметавонем масъалаҳои марбут ба депортатсияро шарҳ диҳем. Дар умум, мо мувофиқи уҳдадориҳои байнулмилалии худ кор мекунем. Масъалаи бозгардондани шаҳрвандон ба кишваре, ки расонаҳо хабар медиҳанд, риояи расмиёти дахлдори миллиро тақозо мекунад. Пеш аз ҳама, шахс мақоми паноҳҷӯро мегирад ва пас аз он мақомоти дахлдор қарор қабул мекунанд.”
Як шаҳрванди Русия, ки аз рафтан ба ҷанги зидди Украина сарпечӣ карда дар Қазоқистон паноҳ бурдааст, бе зикри номаш гуфт, додани ҳаққи иқомати муваққатӣ дар рӯзҳои сафарбарӣ ё басеҷ ба як тиҷорат табдил ёфта буд. Ӯ гуфт, аксари ҳамватанонаш ҳеч пайванде ба Қазоқистон надоштанд, вале аз хадамоти ба истилоҳ "миёнравҳо" барои гирифтани ҳаққи иқомат истифода карданд.
“Мисол, дар Петропавловск дар назди шуъбаи пулиси муҳоҷират доим мошине буд, ки ба тирезааш ангушт мезадӣ ва дар ивази пул бароят додани иҷозати муваққатӣ пешниҳод мекард. Ин иҷозатнома ба муҳлати як сол дода мешуд. Ин чӣ гуна кор мекард? Шахс аз 30 ҳазор то 200 ҳазор танга медод ва “миёнарав” ба ӯ барои ба расмият даровардани ҳуҷҷат кумак мекард,” – нақл кард ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эҳтимоли ихроҷи паноҳҷӯёни рус аз Қазоқистон
Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки масъулони тарҳи “Слово зашите” дар хабарномаи худ ба ҳамаи ширкатдорони парвандаи ҷиноӣ тавсия додааст, агар имкон дошта бошанд, ҳарчи зуд Қазоқистонро тарк кунанд.
Онҳо иддао кардаанд, ки созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқ дар Қазоқистон аз Кумитаи амният вобаста ҳастанд ва беҳтараш барои кумак ба онҳо муроҷиат накунанд. Масъулони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, аз ҷумла Денис Ҷивага, ин иддаоро бепоя хонданд.
Русия то ин дам ба истирдоди баъзе аз паноҳҷӯён муваффақ шудааст. Аз ҷумла, Александр Качкуркин, ки дар Русия ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешуд, ба Русия фиристода шуд.
Ҳолатҳои дигари монанд ба ин низ дар Қазоқистон сабт шудааст. Ин аст, ки ҳоло даст ба кор шудани Кумитаи амният дар парвандаи додани ҳаққи иқомати қалбакӣ паноҳҷӯёни русро нигарон кардааст.