Ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 27 август дар Бишкек ба мувофиқа расида буданд, ки тарҳи ин роҳҳои мошингардро бо фароҳам овардани шароити муносиб, дар як вақт оғоз хоҳанд кард. Мақомоти қирғиз дар пайи тавофуқ эълон карданд, ки якҷоя бо қабули тарҳи роҳи Тамдиқ - Оқсой, ки қисмате аз он аз замини канори ҷамоати Ворухи Тоҷикистон хоҳад гузашт, тарҳ ё варианти 4- уми сохтмони роҳи мустақили Ворух -Исфара низ пазируфта шудааст, вале бидуни убур аз деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух.
Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 1-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз хати гузариши ин роҳи мошингард дақиқан маълум нест, чун тарҳи он таҳия нашудааст. Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон 4 тарҳи бунёди роҳи нави Ворух-Исфара, аз ҷумла тарҳи ба истилоҳ 4-умро, ки аз деҳаи Тоҷикон дар канори Ворух ва аз самти ҷанубии деҳаи Оқсойи қирғизҳо бояд мегузашт, ба ҷониби Қирғизистон пешниҳод карда буд. Вале ин тарҳҳо канор гузошта шуда, тарҳи нави роҳ, аз самти ҷанубии деҳаи Тоҷикону Оқсой, дар замини ҳанӯз муайян ва аломатгузоринашуда, пазируфта шудааст.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир мутахассисони тоҷик сари тарҳи ин роҳ кор карда истодаанд, Баъди нақшаи он таҳия шудан, чанд километр буданаш ва аз куҷо гузаштанаш аниқ маълум мешавад. Ба гуфтаи вай, татбиқи ин тарҳ баъд аз таҳияи тарҳи комили он ва иҷозати ҳукумати Тоҷикистон, оғоз хоҳад шуд.
Сокинони деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара, ки ҳудуди 35 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба ин назаранд, ки беҳтар буд тарҳи аввали бунёди роҳи нави Ворух – Исфара пазируфта шавад, ки Ворухро мустақиман бо деҳаи Хоҷаи Аъло ва Исфара пайваст мекард. Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, ки нахост аз вай ном бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, роҳи нав боз ҳам аз канори деҳаи Оқсойи қирғизҳо гузашта, имконеро дар дасти онҳо медиҳад, ки дар сурати сар задани муноқиша сари тақсими об ва заминҳо, ин роҳҳоро ҳам бубанданд ва ба рафтуомади озодонаи шаҳрвандони Тоҷикистон монеъ шаванд.
Вай афзуд: “Акнун умеди мо ба он, ки шартномаи қавӣ банданд, ки роҳи нав аз Тоҷикистон асту шаҳрвандони қирғиз ҳаққи ба истифодаи он дахолат кардан нахоҳанд дошт. Он вақт сокинони қирғиз дахолат нахоҳанд кард.”
Ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара бо беш аз 35 000 аҳолиаш аз 4 тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст ва ҳар дафъа дар пайи танишҳои марзӣ танҳо роҳи байни ин минтақа ва боқӣ қаламрави Исфара аз тарафи мақомот ва сокинони Қирғизистон масдуд карда мешавад. Сокинони худи Ворух аммо мегӯянд, ки ин ҷамоат дар асл анклав нест, балки дар пайи гузаштҳои батакрори мақомоти вақти Тоҷикистон заминҳои зиёдаш ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло аҳолии Ворухро гаравгони вазъият кардааст.
Моҳи июли соли равон комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар музокирот таҳти раҳбарии сарвазирони ин кишварҳо ба созиш расида буданд, ки гурӯҳҳои кории марзӣ вариантҳои хатҳои гузариши сохтмони роҳҳои Ворух - Исфара ва Оқсой - Тамдиқро омӯхта, наҳваи татбиқи онро таҳия ва ба комиссияи мазкур пешниҳод кунанд. Чаҳор тарҳи роҳи нави Ворух - Исфара бар ин асос таҳия шуда буд.
Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар ва ҳамтои қирғизаш – Абдураҳмон Маматалиев дар ҷаласаи рӯзи 26 август дар Бишкек ба сохтмони ду роҳи наздимарзӣ ва ду пули нав низ тавофуқ кардаанд. Вале дар ҳоле роҳҳои наве, ки бунёд мешаванд маълум аст, мақомоти тоҷику қирғиз дар бораи ду пули нав, ки дар куҷо сохта шудаву ба кадом ҷониб тааллуқ хоҳанд дошт, то ҳол маълумоте ироа накардаанд.