Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 киҳоянд? 

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 5-ум то 22-юми май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ба гурӯҳи “А” дохил шуд. 

Бар асоси қуръакашӣ, ки 12-уми феврал доир гардид, футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи худ бо дастаҳои Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) рақобат хоҳанд кард.

Сармураббии дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов дар бораи натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 гуфт, “мо омӯзиши рақибони худро оғоз кардаем. То Ҷоми Осиё-2026 се моҳ боқӣ мондааст, мо бояд ба мусобиқа мақсаднок омодагӣ дида, бо тимҳое, ки услуби бозии онҳо ба рақибони гурӯҳи мо монанд аст, бозиҳои дӯстона анҷом диҳем. Масъулиятро дарк мекунем ва ба кори ҷиддӣ омодаем. Муҳим аст, ки ба мусобиқа то ҳадди имкон бо омодагии хуб равем – ҳам аз ҷиҳати тактикӣ ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ. Ҳадафи мо ҳадди ақал аз гурӯҳ баромадан ва роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2026 аст."

Дар қисми ниҳоӣ 16 даста иштирок менамояд, ки ба чаҳор гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони 1/4 финал ба мусобиқаи қаҳрамонии наврасони ҷаҳон-2026, ки моҳи ноябр дар Қатар доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Натоиҷи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 (U-17):

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Тайланд, Мянмар

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Индонезия, Чин, Қатар

Гурӯҳи «C»: Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Австралия, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ

Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов ба мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки аз 19-ум то 23-юми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳашт дастаи наврасон аз Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус (U-17, 19-уми феврал), Минск (U-17, 20-уми феврал) ва Қазоқистон (U-17, 21-уми феврал) бозӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) дохил шудаанд.

Тибқи дастури мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6-ум ва 7-8-ум баргузор мешаванд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми рушд-2026:

19-уми феврал (панҷшанбе)

Мунтахаби Минск (U-17) - Қазоқистон (U-17)

Озарбойҷон (U-17) — Русия (U-17)

Беларус (U-16) — Узбекистон (U-17)

Беларус (U-17) — Тоҷикистон (U-17)

20-уми феврал (ҷумъа)

Мунтахаби Минск (U-17) — Тоҷикистон (U-17)

Озарбойҷон (U-17) — Узбекистон (U-17)

Беларус (U-16) — Русия (U-17)

Беларус (U-17) — Қазоқистон (U-17)

21-уми феврал (шанбе)

Қазоқистон (U-17) — Тоҷикистон (U-17)

Русия (U-17) — Узбекистон (U-17)

Беларус (U-16) — Озарбойҷон (U-17)

Беларус (U-17) — Мунтахаби Минск (U-17)

23-юми феврал (душанбе)

Ҷойи чоруми гурӯҳи «А» — Ҷойи чоруми гурӯҳи «В»

Ҷойи сеюми гурӯҳи «А» — Ҷойи сеюми гурӯҳи «В»

Ҷойи дуюми гурӯҳи «А» — Ҷойи дуюми гурӯҳи «В»

Ғолиби гурӯҳи «А» — Ғолиби гурӯҳи «В».