Ҷониби Тоҷикистон ба Узбакистон дар мавриди ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан се пешниҳод ироа карда ва мунтазири посух нишастааст. Усмон Қаландарзода – муовини раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон – рӯзи 24 январ гуфт, ду пешниҳоди аввал аз фаъол кардани роҳи Ғалаба-Амузанг-Хатлон ва додани сабукӣ барои ҳаракати вагонҳои боркаш иборат аст. "Инчунин, пешниҳод шуд, роҳи қаторҳои мусофирбаре, ки аз ҳудуди Узбакистон мегузарад, кӯтоҳ карда шавад", - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷониби Узбакистон вақт хост, то пешниҳодҳои мазкурро биомӯзад ва дар мӯҳлати наздик назари худро баён кунад. Умед дорем, ки ин масъала ба таври мусбат ҳал хоҳад шуд.
Ҳамон гуна ки масъулони идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, қаторҳои кишвар дар қаламрави Узбакистон гардишу гузаргоҳҳои зиёдро тай мекунанд. Усмон Қаландарзода ҳам мегӯяд, бар асоси пешниҳоди Тоҷикистон, агар ҳаракати қатораҳои мусофирбар тариқи хатти оҳани Бойсун-Тошгузар-Қаршӣ бидуни хоки Туркманистон сурат гирад, 153 километр масофаи роҳ кӯтоҳ мешавад ва ҳудуди 20 соат вақт сарфа хоҳад шуд.
Бастаи се пешниҳоди Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта ба мақомоти Узбакистон супурда шудааст. “Ҷониби Узбакистон вақт хост, то пешниҳодҳои мазкурро биомӯзад ва дар мӯҳлати наздик назари худро баён кунад. Умед дорем, ки ин масъала ба таври мусбат ҳал хоҳад шуд”, - хулоса кард Усмон Қаландарзода. Вай афзуд, бо дарёфти посухи Тошканд, Тоҷикистон омодааст гузаргоҳи Амузанг-Ғалабаро барқарор кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ҷумҳурии Узбакистон изҳори омодагӣ кардааст, ки доманаи ҳамкориҳо ва тамоси тақрибан берангшуда бо Тоҷикистон дар замони президенти собиқ Ислом Каримов, аз ҷумла дар соҳаи роҳи оҳанро тавсеа бахшад. Вале то кунун ҳеҷ тасмим ё созишномаи нави азсаргирии ҳамкориҳо дар ин соҳа миёни ду ҳамсояи наздиктарин ҳосил нашудааст. Мизони гардиши молу коло миёни ду кишвар аз 500 миллион доллари оғози солҳои 2000-ум то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд.
Мақомоти Тоҷикистон ин амали Узбакистонро "муҳосираи навбатии иқтисодӣ" номида, хостори фаъол кардани ин роҳ шуданд, вале аз ҷониби Узбакистон посухи мусбате дарёфт накарда буданд.
Дар зимн, таҳлилгарони масоили иқтисодии Тоҷикистон пешниҳодҳои Душанберо дар мавриди рушди ҳамкориҳо бо Узбакистон аз масъалаҳои ҳаётӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, агар роҳи Амузанг-Ғалаба фаъол шавад, бо вуҷуди роҳи алтернативии “Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа”, интиқоли молу коло ба вилояти Хатлони Тоҷикистон кӯтоҳтар хоҳад шуд.
Нуриддин Қаюмов, раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон гуфт, “мо бо Узбакистон ҳамсоя ҳастем. Мол мебарем ва мол меорем. Албатта беҳбудӣ дар ин соҳа барои Тоҷикистон бо аҳамият хоҳад буд. Аз сӯи дигар, гузаргоҳи Амузанг роҳро ба тарафи Шаҳритусу Кӯлоб ва умуман вилояти Хатлон, наздиктар мекунад.”
Баъд аз онки дар соли 2011 қисме аз роҳи оҳан дар минтақаи Амузанг-Тирмиз хароб шуд, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ шуданд ва нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Ҷониби Узбакистон хабар дода буд, ки бар асари "ҳамлаи террористӣ" пули роҳи оҳан дар қитъаи Амузанг тахриб шуда ва ҳаракати қаторҳо дар ин масир, ки ба самти Тоҷикистон меравад, қатъ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ин амали Узбакистонро "муҳосираи навбатии иқтисодӣ" номида, хостори фаъол кардани ин роҳ шуданд, вале аз ҷониби Узбакистон посухи мусбате дарёфт накарданд. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қаторҳо тариқи Амузанг-Хатлон, панҷ соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард. Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода мешавад. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст.