Радиои Озодӣ барои кор дар Прага корманд меҷӯяд

Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои кор дар дафтари марказии он дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, журналистонеро барои кор ба ҳайси Digital Editor ҷустуҷӯ дорад.

Вазифа:

  • Матлабҳоро барои нашр омода мекунед. Дар нашри гузоришҳои босифат, ҷолиб ва бехато дар вебсайт ва пойгоҳҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабарномаҳо масъулият доред.
  • Таҳияи матлаб ва гузоришҳоро дар ҳамоҳангӣ бо муҳаррирони дигар идора мекунед. Пеш аз нашр ва пас аз он матлабҳоро месанҷед, хатоҳоро ислоҳ мекунед ва дигаргунӣ ва имкониятҳои нави вебсайтро баррасӣ мекунед.
  • Бояд пайваста дар ҷараёни хабарҳои муҳим ва таҳаввулот қарор дошта бошед; шабакаи васеи ҳамсуҳбатон ва манбаъҳоро ташкил ва назорат мекунед; мусоҳибаҳои ҷолибро бо меҳмонон ва шахсиятҳо ташкил мекунед, маълумотро месанҷед, инчунин маводи тасвирии лозимро барои истифода дар мусоҳибаҳо ва матолиби дигар ҷамъ меоред.
  • Хабар ва гузоришҳоро дар барномаҳои видеоӣ тақдими бинандагон мекунед, баҳсу мусоҳибаҳои мустақим ва сабтшударо роҳбарӣ менамоед, бо корбарон дар пойгоҳҳои гуногун гуфтугӯ карда, ҳамкории хубро бо онҳо ба роҳ мемонед ва дар зиёд шудани теъдоди корбарон саҳм мегиред.
  • Бо истифода аз усул ва таҷҳизоти мавҷуда гузоришҳои мустақим ва пешакӣ сабтшударо таҳия мекунед ва барои таъмини баргузории мунтазам ва бе мушкили пахш ва сабтҳо бо мутахассисони фаннӣ ҳамкории зич ба роҳ мемонед.
  • Дар ҷаласаҳои ҳайати таҳририя фаъолона иштирок намуда, аз хабарҳои рӯз огоҳ мешавед ва барои гузоришҳои хабарӣ идеяҳои ҷолиб пешниҳод мекунед.
  • Вазифаҳоро байни ҳамкорони бахши диҷитол тақсим карда, ҷадвали нашри матлабҳо ва навбатдории кормандонро таҳия мекунед.
  • Дар сурати дархост, вазифаи навиштан, таҳрир ва таҳияи матлабҳоро ба уҳда мегиред.
  • Агар роҳбари гурӯҳ таъйин шавед, вазифадоред, ки ба рушди касбии кормандон, муайян намудани ҳадафҳои кор ва баланд бардоштани натиҷаи фаъолияти онҳо ёрӣ кунед.

Маълумот:

  • Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи рӯзноманигорӣ ё бахшҳои наздик ба он бартарӣ дорад. Таҷрибаи кории наздик ба он низ қобили пазириш аст.

Таҷриба:

  • Камаш 4 сол таҷрибаи корӣ дар як расонаи хабарӣ ва дар бахши рӯзноманигории рақамӣ.
  • Таҷриба дар таҳия ва нашри матлабҳо дар пойгоҳҳои гуногун.
  • Доштани таҷрибаи зарурӣ дар омода кардани гузориш ва таҳрири матн.

Тавоноӣ:

  • Қобилияти баланди арзёбӣ ва интихоби хабарҳо.
  • Риояи фарҳанги кори гурӯҳӣ.
  • Ошноӣ бо омода кардани матлаб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва беҳсозии ҷустуҷӯ дар интернет (SEO).
  • Қобилияти таҳия ва пешниҳоди матн ва гузоришҳои видеоии дақиқ ва ҷолиб.
  • Тавоноии иҷрои чанд кор дар як замон ва интихоби мустақилонаи мавзуҳои асосӣ дар муддати кӯтоҳ
  • Қобилияти мутобиқ шудан ва фаъолияти самарбахш дар вазъиятҳои гуногун, инчунин ҳамкорӣ бо шахсон ва гурӯҳҳои гуногун
  • Қобилияти кор дар бастҳои гуногун тибқи таъйинот ва ҳатто бо огоҳии кӯтоҳмуддат.
  • Дар ҳолатҳои зарурӣ кор дар рӯзҳои истироҳат ва ё кор аз хона.
  • Дониши васеъ дар бораи сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва муносибатҳои байнулмилалӣ.
  • Донистани HTML ва малакаи таҳрири видео бартарии иловагӣ дониста мешавад.

Забонҳо:

  • Тоҷикӣ (ҳатмӣ)
  • Англисӣ (ҳатмӣ)
  • Донистани забони кишварҳои минтақа бартарӣ дорад.

Маълумоти бештар ва роҳҳои фиристодани дархостро бо забони англисӣ дар инҷо ёбед