Рӯзи 20 октябр дар натиҷаи тирпарронӣ аз миномет дар Мавсили Ироқ Расул Маҳмуд, хабарнигори ғайрирасмии Радиои Озодӣ захмӣ шудааст. Маҳмуд амалиёти низомии зидди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро дар Ироқ барои Радиои Фардо пӯшиш медод. Вай ҳангоми ҳамлаи ҷавобии ҷангиён ба гуруҳҳои курду артиши Ироқ чанд ҷароҳат бардошта, як чашмашро ҳам аз даст дод. Феълан дар беморхонаи Эрбил бистарист.
Хабарнигори Озодӣ дар ҷабҳаи ҷанги Мавсил маҷрӯҳ шуд
Расул Маҳмуд бар асари таркиши хумпора шадидан маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа, аз чашми чапаш маҳрум шуд
Маҳмуд ҳамроҳ бо размандагони пешмаргаҳои курд дар маҳалли ҷанг қарор дошт