Дар соли 2025 дар саросари ҷаҳон 129 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо кушта шудаанд. Кумитаи Дифоъ Аз Рӯзноманигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Амрико, гуфт, дар 34 соли охир чунин омори баландеро сабт накарда буд.
Ин созмони пуштибони хабарнигорон рӯзи 25-уми феврал дар гузорише гуфт, аксари ҷонбохтагон дар Ғазза ҳастанд ва Исроилро танқид кард, ки беш аз ҳар давлати дигаре рӯзноманигоронро нишон гирифтааст. Шумораи хабарнигорони кушташуда дар Украина ва Судон ҳам назар ба соли 2024 каме афзуда, мутаносибан ба 4 ва 9 кас расидааст.
Ҷодӣ Гинзберг, мудири кулли Кумитаи Дифоъ Аз Рӯзноманигорон (CPJ), гуфт, "дар ҳоле ки дастрасӣ ба иттилоъ аз ҳар вақти дигар муҳимтар шудааст, рӯзноманигорон ба таври бесобиқа кушта мешаванд. Барои пешгирӣ аз ин кушторҳо ва ҷазо додани сабабгорон чораҳои ҷиддӣ андешида шавад. Вақте рӯзноманигорон барои пахши хабар кушта мешаванд, ҳамаи мо дар хатар ҳастем."
Ҷодӣ Гинзберг
Яке аз бандҳои муҳими гузориши Кумитаи Дифоъ Аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳадаф гирифтани кормандони расонаҳост. Аз ҷумла, 28 маврид ба амалиёти Исроил дар Ғазза ва 5 ҳолат дар Судон рост меояд. Дар Украина низ чор рӯзноманигор бар асари ҳамлаи бесарнишинҳои Русия кушта шудаанд, ки аз соли 2022 омори баландтарин ба шумор меравад.
Кумитаи Дифоъ Аз Рӯзноманигорон (CPJ) беҷазо мондани гунаҳкоронро сабаби афзоиши куштори хабарнигорон донистааст. Аз 47 маврид қатли ҳадафмандона, ки ин созмон дар соли 2025 сабт кардааст, танҳо дар чанд ҳолати ангуштшумор таҳқиқ анҷом шуда, вале касеро ба ҷавобгарӣ накашидаанд.
Кумита мегӯяд, нокомии раҳбарони ҳукуматҳо барои ҳимоят аз кормандони расонаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашондани ҳамлагарон низ заминаи кушторҳои навро фароҳам овардааст, ҳатто дар кишварҳое, ки дар ҳоли ҷанг нестанд. Аз ҷумла, дар Mесика, Ҳиндустон ва Филиппин.
Ба иттилои CPJ, танҳо дар соли 2025 дар Мексика камаш шаш рӯзноманигор кушта шудаанд. Дар Филиппин, ки таърихи дарози хушунат алайҳи намояндагони расонаҳоро дорад, соли 2025 се рӯзноманигор бо зарби тир кушта шуда, танҳо дар як маврид гумонзад боздошт шудааст.
Лондон, моҳи августи 2025
Дар кишварҳои Осиё ва Амрикои Лотин рӯзноманигороне, ки дар бораи фасоди молӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта гузориш медоданд, бераҳмона ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон, низомҳо ё ҳукуматҳои худкома низ ба қатли намояндагони расонаҳо идома додаанд. Дар Арабистони Саудӣ як рӯзноманигор пас аз ҳафт сол ҳабс эъдом шуд.
CPJ дар гузориши худ ба ислоҳоти бунёдӣ дар шеваи таҳқиқи чунин ҷиноятҳо даъват карда, пешниҳод намудааст, ки гурӯҳи байнулмилалии тафтишотӣ таъсис шуда, алайҳи масъулони ин ҷиноятҳо таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ гардад.
Номи Тоҷикистон, ки дар чанд соли охир дастикам даҳ хабарнигору блогерро аз ҳафт то бист сол зиндонӣ кардааст, дар ин гузориш нест. Аммо дар замони ҷанги дохилӣ ё шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои навадум беш аз 70 рӯзноманигор кушта шуда, қотилон ё фармоишгарони аксари онҳо пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.