"Режим ҳама чиро аз ман гирифт." 15 соли зиндон ба Ялдо Муайярӣ

Марде дар биное, ки аз зарбаи ҳавоии Амрико ва Исроил осеб дидааст.

Ин яке аз корҳои аккоси эронӣ Ялдо Муайярӣ аст, ки маълум гашт, барои аскҳои бардоштааш ҳанӯз рӯзи 8-уми август ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ялдо Муайярӣ барои ба ниҳодҳои марбути Иёлоти Муттаҳда додани аксҳо ва ҳамчунин мусоҳиба бо расонаҳое, ки дар Эрон "душман" шумурда мешаванд, маҳкум ба зиндон шуд.

Биное дар Теҳрон бо акси раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ ва раҳбари пешин Рӯҳулло Хумайнӣ дар Теҳрон пас аз зарбаи нерӯҳои Амрико ва Исроил.

Ба дунболи ҳамлаи Исроил ба Эрон дар моҳи июни соли 2025 Теҳрон қонунеро қабул кард, ки ҷазои ҳамкорӣ бо Ироил, Амрико ва кишварҳои дигари душманро шиддат медиҳад.

Ҷонбохтагони ҳамлаи ҳавоӣ ба Теҳрон дар аввалҳои соли 2026.

Муайярӣ ба Reuters гуфт, ки аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо оғози ин ҳамлаҳо ба хонаи ӯ омаданд ва дурбинашро мусодира карданд.

Наҷотбахшон дар макони зарбаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар Теҳрон.

Пештар Муайярӣ барои аксҳои худ аз эътирозҳои "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" дар соли 2022 низ боздошт шуда, се моҳро дар зиндон ба сар бурд. Ин эътирозҳо пас аз марги Маҳсо Аминӣ дар боздоштгоҳи пулис Эронро фаро гирифта буданд. Аминӣ барои ба истилоҳ "бадҳиҷобӣ" боздошт шуда буд.

Наҷоти марде аз зери оворҳо пас аз зарбаи ҳавоии ИМА ва Исроил.

Парчами миллии хунолуди Эрон.

Ялдо Муайярӣ ғоибона маҳкум шуд. Дар куҷо будани ӯ маълум нест.

Наҷотбахш ҳангоми истироҳат дар макони зарбаи ҳавоии нерӯҳои ИМА ва Исроил.

Муайярӣ ба хабаргузории Reuters гуфт, корашро то ҷое ки имкон ҳаст, идома хоҳад дод.

Зане дар кӯчаи Теҳрон, ки аз зарбаҳои ҳавоӣ захмӣ шудааст.

"Ман чизе барои аз даст додан надорам", -- мегӯяд Муайярӣ. "Режим ҳама чиро аз ман гирифт ва ягона чизе ки ман то ҳоло дорам, нигоҳи ҳақиқатбин ва ҳақиқатгӯйи ман ҳамчун як шоҳид аст."

Суратгир ё аккоси шинохтаи эронӣ Ялдо Муайярӣ барои аксҳо аз ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҷо чанд намуна аз аксҳое, ки ӯ пеш аз ин ҳукми такондиҳанда бардошта буд.