Мақомоти Покистон гуфтанд, дар вокуниш ба ҳамлаҳои паҳподии рӯзи 23-юми сентябр аз хоки Афғонистон, 10 нуқтаро дар дохили ин кишвар ҳадаф қарор доданд. Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ҳам ҳамлаҳои Покистонро тасдиқ кард.
Рӯзномаи англисизабони "Dawn", чопи Исломобод, рӯзи 24-уми сентябр аз қавли Атоуллоҳ Тарар, вазири иттилооти Покистон навишт, ки артиши ин кишвар дар посух ба "вуруди ғайриқонунии паҳподҳо" 10 нуқтаро дар дохили Афғонистон зад.
Ба навиштаи манбаъ, ин мақомдори покистонӣ ҳамлаҳои паҳподиро аз самти Афғонистон "нақзи ошкори ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Покистон" хонда, гуфтааст, ки системаи дифои ҳавоии кишвараш ҳамаи ин паҳподҳоро пеш аз расидан ба ҳадафҳояшон сарнагун кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, рӯзи 23-юми сентябр чаҳор паҳпод дар наздикии гузаргоҳи марзии Турхам ва чаҳор фарванди дигар дар минтақаи кӯҳистонии Куҳот сарнагун шуданд.
Вазири иттилооти Покистон гуфтааст, ки посухҳои артиши ин кишвар ба нуқтаҳои партоб ва нигаҳдории паҳподҳо дар дохили Афғонистон "дақиқ, санҷида ва муносиб" будааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон.
Дар ҳамин ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати "Толибон" ҳамлаи Покистон дар субҳи 24-уми сентябр ба Афғонистонро тасдиқ карданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати "Толибон" гуфтааст, ки шаҳри Қандаҳор ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Покистон қарор гирифт, вале талафоте дар пай надошт.
Тибқи иттилои манбаъҳои дигар, Покистон ба ҳадафҳое дар вилояти Хуст ва Пактико низ ҳамла кардааст. То кунун маълумоти дақиқ дар бораи талафоти ин ҳамлаҳо дар даст нест.
Ҳамлаҳои нави артиши Покистон ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи гузашта як манбаи огоҳ дар ҳукумати "Толибон" ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузоришҳоро дар бораи ҳамлаи паҳподӣ аз қаламрави Афғонистон ба Покистон рад кард.
Мақомҳои ҳукумати "Толибон" пас аз ҳамлаҳои Покистон ба вилоятҳои Кунар ва Пактико дар бомдоди 21-уми сентябр, аз "посухи муносиб" ҳушдор дода буданд.
Намояндагии СММ дар Афғонистон тасдиқ кард, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Кунар се ғайринизомӣ кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Толибон гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо занон низ ҳастанд.
Аммо вазорати иттилооти Покистон гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо қароргоҳҳои машкуки гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ин кишвар ҳадаф қарор гирифтанд ва дар натиҷа 27 нафар кушта шуданд.
Дар ҳамлаи маргбори рӯзи 18 сентябр дар минтақаи Куҳоти Покистон беш аз 30 тан кушта шуданд, ки аксари онҳо кормандони пулис буданд.
Аз он пеш, дар ҳамлаи маргбори рӯзи 18-уми сентябр ба як маркази пулис дар минтақаи Куҳот дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон, дастикам 31 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Аксари кушташудагон кормандони пулис буданд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Иттиҳоди муҷоҳидини Покистон" ба раҳбарии Ҳофиз Гулбаҳодур, ба ӯҳда гирифт.
Покистон ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон ба ҳимоят аз Таҳрики Толибони Покистон ва фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн барои ин гурӯҳ дар дохили хоки Афғонистон муттаҳам мекунад.
"Толибон"-и Афғонистон ин гуфтаҳои ҷониби Покистонро рад намуда, мегӯяд, Исломобод бо анҷоми чунин ҳамлаҳо талош мекунад нокомиҳои худро ба бахши таъмини амният пинҳон кунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Покистон хонаи раҳбари "Толибон"-ро оташборон кардааст