Ғазали муҳоҷират

Ин шеърро як хонандаи Озодӣ бо тахаллуси Муҳоҷири Зарафшонӣ тақдим ба артиши бузурги муҳоҷирони ғариби тоҷик фиристодааст. Бо ин як шарҳи кӯтоҳ ки "Ғазали муҳоҷират, хонед ва ҳаловат баред."
Дар Русия, байни мардум зору ҳайрон, тоҷикам.
Нест ҷои кору хобат кӯча сарсон, тоҷикам.

Шаҳр рафтию ба ногаҳ ҳуҷҷатат пурсад касе,
Хотири ошуфтаат гардад парешон, тоҷикам.

Аз саҳар то шом меҳнат мекунӣ мардонавор.
Мондагиатро нафаҳмӣ, оҳанинҷон, тоҷикам.

Дар ҳама объектҳо ашки ҷабинат рехтӣ
Музди коратро надодандат, пушаймон, тоҷикам.

Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур.
Хоби шабҳоят парад бо ёди онон, тоҷикам.

Сар ба оташ мезанӣ, хоҳ оташ асту хоҳ об.
Бо машаққатҳо биёбӣ бурдаи нон, тоҷикам.

Тирамоҳ вақти сафар ояд туро сӯи Ватан.
Мепарӣ бе болу пар бар Тоҷикистон, тоҷикам.

Нестӣ танҳо, бародар, ғам махӯр, монанди ту
Ман яке аз мардикорони ғазалхон, тоҷикам.

Хам нагардад қоматат аз кору бори зиндагӣ
Ай Худо, ояндаат гардад дурахшон, тоҷикам.

Рафта ба дарҳои ҳар як кордоре, ноилоҷ
Мекунӣ кори варо бо нархи арзон, тоҷикам.

Гарчи монанди ту бошад узбаку турку хохол.
Ту намеёбӣ миёни ҷумла армон, тоҷикам.

Дар сарат фикри падар, модар, бародар, хонаат.
Сарфи корат тӯю ҳам гаҳворабандон, тоҷикам.

Мехӯрӣ ин ҷо ту танхо равғану тухму хлеб.
То пули худро расонӣ то зимистон, тоҷикам.

Чун расидӣ бар Ватан бо маблағи русии худ
Курси русият шавад бар хок яксон, тоҷикам.

Ман намедонам, ту хҳм, охир намедонад ҳама,
То ба кай бошем ғарибу зору сарсон, тоҷикам.

Хонда ин шеъри ману ту ҳар касе дар сайтхо.
Мешавад гаҳ шоду хандон, гоҳ ҳайрон, тоҷикам.

Мо ҳама аз насли поки Рӯдакиву Ҳофизем.
Зинда бошӣ, миллати шеъру сухандон, тоҷикам!