"Истиқлол" "Равшан"-ро 5:0 шикаст дод (17 АКС ва ВИДЕО)

Президенти ФИФА Суперҷоми футболи Тоҷикистонро ба тими "Истиқлол" супурд

"Истиқлол"-и Душанбе "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода, Суперҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Шоми 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, бо “Истиқлол”- Душанбе, барандаи Ҷоми кишвар, барои Суперҷоми кишвар бо фоидаи "Истиқлол" анҷом ёфт. Дар ин бозӣ тими "Истиқлол" ба дарвозаи ҳарифаш 5 тӯби беҷавоб зада, Ҷоми олии футболро аз дастони президенти ФИФА Йозеф Блаттер гирифт.

Ҷараёни бозӣ

Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аз Варзишгоҳи марказии Душанбе хабар дод, ки Йозеф Блаттер, президенти Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол – ФИФА, ки нимаи дувуми рӯзи 25 март вориди Душанбе шуд, баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Варзишгоҳи марказӣ омад. Қабл аз оғози ин бозӣ вай лентаи ифтитоҳи майдони варзишгоҳро, ки тармимаш тоза анҷом ёфтааст, бурид.

Бозӣ соати 18-10 шурӯъ шуд. Ҳарчанд ки қаблан эълон шуда буд бозии мазкур соати 17-00 шурӯъ мешавад, аммо бо сабаби тӯл кашидани мулоқоти Блаттер бо раисиҷумҳур оғози бозӣ ҳам ба таъхир афтод.

Дар варзишгоҳ, ба гуфтаи масъулон, ҳудуди 18 000 мухлис ҷамъ омадаанд.

Дақиқаи 6-ум ҳисоб: 0-1

Дар дақиқаи 6-уми бозӣ Девид Мауто, бозигари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе аз масофаи 32 метр тӯбро вориди дастаи "Равшан" кард ва бозиро кушод. Мауто имсол баъди гирифтори мушкилоти молӣ шудани "Равшан" аз ин даста ба "Истиқлол" гузашт.

Дақиқаи 25-ум: Ҳисоб 0-2.

Дар дақиқаи 25-уми бозӣ бозигари дастаи "Истиқлол" Ромиш Ҷалилов аз фурсати муносиб истифода карда тубро ба дарвозаи "Равшан" ворид кард ва дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро тағйир дод. Ҳоло ҳисоб 0-2 ба фоидаи дастаи "Истиқлол"-и Душанбест.

Дар ин бозӣ ҳарчанд бозигарони ҳарду даста ҳам фаъоланд, аммо бозигарони "Равшан" чанд лаҳзаи голзаниро аз даст доданд.

Нимаи аввали бозӣ ба анҷом расид ва ҳисоб 0-2 боқӣ монд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Лаҳзаҳо аз бозии Равшан ва Истиқлол


Нимаи дувуми бозӣ шурӯъ шуд.

Голи сеюми "Истиқлол"

Голи 3-юми "Истиқлол"-ро Дилшод Восиев дар нимаи дувуми бозӣ вориди дарвозаи Равшан кард ва ҳисоб 0-3 шуд.

Дар ин бозӣ аввалин бор бозигар иваз шуд. Бозигари дастаи "Равшан" Ҷамшед Исмоилов ҷои худро ба Зокир Абдулхайров дод.

"Истиқлол" дар дақиаи 67 Ҷаҳонгир Эргашевро ба майдон баровард.

"Равшан" баъди чанде бозигари дувумашро иваз кард. Ба ҷои Наврӯз Рустамов Индус Ҳусейнов ба майдон баромад.

Ҳисоб: 0:4

Ҷаҳонгир Эргашов, ки дар дақиқаи 67-ум ба майдон баромад, дар дақиқаи 78-ум голи чорумро ба дарвозаи "Равшан" зад.

Дақиқаи 85-ум: Ҳисоб: 0 - 5

Дар дақиқаи 85-уми бозӣ бозигари дастаи "Истиқлол" Ҷаҳонгир Эргашев тӯби 5-умро вориди дастаи "Равшан" кард.

Бозӣ ба анҷом расид ва Суперҷоми Тоҷикистон насиби дастаи "Истиқлол" гардид.

Баъди анҷоми бозӣ маросими супурдани ҷоизаҳо оғоз ёфт. Ибтидо нишонҳои нуқаи Суперҷом ба бозигарони "Равшан" супурд. Дар маросими супурдани ҷоизаҳои Йозеф Блаттер, президенти ФИФА ва Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ширкат мекунад. Блаттер баъди супурдани нишонҳои тило дар поёни ин маросим Суперҷоми Тоҷикистонро ба бозигарони "Истиқлол" супурд.

Бозии "Истиқлол"- "Равшан"


Дастаҳо бо чунин ҳайатҳо дар майдон бозӣ карданд:

«Равшан» (Кӯлоб): 1. Рустам Ризоев. 3. Содиқ Мӯсо. 12. Ҳасан Рустамов. 29. Далер Шомуродов. 14. Бахтиёр Ҳасанов. 30. Ҷамшед Исмоилов. 9. Ҳикматулло Расулов. 25. Муҳаммадҷони Ҳасан. 7. Сайриддин Ғаффоров. 17. Наврӯз Рустамов. 10. Течи Саломон.

Бозигарони эҳтиётӣ: Неъмат Тошев. 20. Индус Ҳусейнов. 24. Зариф Рустамов. 22. Зокир Абдулхайров. 18. Комрони Саидзод. 15. Фаридун Рустамов. 26. Абӯбакр Азимов.

Сармурабӣ: Маъруф Рустамов.

«Истиқлол» (Душанбе): 16. Алишер Тӯйчиев. 4. Эраҷ Раҷабов. 2. Сиёвуш Асроров. 3. Глаубер Да Силва. 19. Аҳтам Назаров. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 8. Нуриддин Давронов. 21. Ромиш Ҷалилов. 20. Хуршед Маҳмудов. 17. Дилшод Восиев капитан. 14. Дэвид Мауто.

Бозигарони эҳтиётӣ: Никола Стошич. 24. Алишер Сафаров. 11. Ҷаҳонгир Ҷалилов. 6. Наим Улмасов. 10. Виллер Соуза Оливейра. 12. Ҷахонгир Эргашев. 22. Комил Саидов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Сардовари бозӣ: Хуршед Дадобоев (“Хуҷанд”).
Нозир бозӣ: Абдураҳим Бобоев ( Турсунзода).
Комисари бозӣ: Давлатманд Исломов (Душанбе).
Равшан бо либоси сафед ва “Истиқлол” бо либоси сурх дар майдон бозӣ мекунанд.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд”).

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми олии Тоҷикистон барои панҷумин бор доир шудааст. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (соли 2010) ва ду бор (солҳои 2011 ва 2012) бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ғолиб омада буд. Соли гузашта бошад, “Равшан” дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.
Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.
Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.
Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1.
Соли 2014. Шаҳри Душанбе. «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) —0:5.