Писараш гуфт, Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон озод шудааст

Шоҳида Маҳмадҷонова соли 2022 ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд

Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" маъруф асту пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ танқид мекунад, аз зиндони занона дар шаҳри Норак озод шудааст.

Ӯ моҳи феврали соли 2022 дастгир ва дертар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва ақидаи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд. Чизе, ки наздиконаш инкор карданд.

Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш пас аз чаҳор солу панҷ моҳи боздошту ҳабс бар асоси қонуни нави афв озод шудааст.

"Модарамро як рӯз пеш раҳо кардаанд. Аз ин хабар хушҳол шудам. Ӯ 49-сола аст. Ҳангоми дар маҳбас буданаш аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва шароити дурусти табобаташ набуд. Акнун табобаташ хоҳем кард," – гуфт Шерзод Маҳмадҷонов ба Радиои Озодӣ.

Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо худи Шоҳида Маҳмадҷонова то ин дам натиҷа надод. Мақомот низ дар бораи раҳоии ӯ гузориш надоданд.

Ба зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2022 танқидҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён оварда буд. Иддае навиштанд, ки мақомот ӯро барои танқидҳои писараш ҷазо доданд.

Қонуни нави афв рӯзи 16-уми июн дар пайванд ба 35-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд. Ин санад нисбат ба 18 ҳазор нафар татбиқ хоҳад шуд. Муҳлати ҳабси теъдоде кам шуда, бархеи дигар аз боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон пупра озод ё парвандааш қатъ хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар, аз ҷумла зиёда аз 500 зан дар зиндон ҳастанд. Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомотро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Писари маро озод кунед". Умеди наздикони зиндониён аз қонуни афвҶузъиёти қонуни афв. Кӣ озод ва ҳабси кӣ кам хоҳад шуд?Беш аз 18 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон афв мекунанд