Як ҳафтаи ҷаҳон ба ривояти тасвир (16 АКС)
"Садҳу"-як рӯҳонии ҳиндӣ дар остонаи ҷашни мазҳабии ҳиндуҳо дар канори дарёи Ганга дар Калкатта, Ҳинд.
Азодорон дар Байтулмуқаддас дар маросими ҷанозаи қурбониёни ҳамла дар як фурӯшгоҳи яҳудиён дар Порис. Ҷасади чаҳор яҳуди фаронсавӣ, барои хоксупорӣ ба Исроил интиқол дода шуданд.
Ҳамлавари дастаи "Реал"-и Мадрид, Криштиану Роналду рӯзи 12 январ беҳтарин футболбози соли 2014 эълон шуд.
Яке аз ширкатдорони тазоҳуроти зидди исломӣ дар Олмон лавҳаеро бо акси садри аъзами он кишвар Ангела Меркел бардоштааст. Шоми 13 январ садри аъзам Ангела Меркел, президент Йоахим Гаук ва аъзои ҳукумати Олмон ба нишони ҳамдилӣ бо мусалмонҳои ин кишвар дар як ҳамоиши эътирозӣ иштирок карданд.
Як фурӯшандаи ҷавони афғон бо номи Ораш дар интизори муштариён аст. Ӯ мегӯяд, ки даромади рӯзонааш чаҳор долларро ташкил медиҳад.
Як духтараки хурдсоли афғон дар урдугоҳи беҷошудагони дохилӣ дар Кобул.
Як писарбача дар шаҳри Донестки Украина.
Розия, як духтараки 9-солаи покистонӣ дар шаҳри Лоҳур қоғазпораҳоро ҷамъоварӣ мекунад.
Беҷошудагони суриягӣ дар урдугоҳи Ал-Карома дар марзи Сурия бо Туркия.
Кӯдакони покистонӣ ба дидани мактабе, ки рӯзи 16 декабр дар Пешовар мавриди ҳамла қарор гирифт, мераванд. Бар асари ҳамлаи мусаллаҳон ба ин мактаб беш аз 150 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо мактабхонҳо буданд. Ин мактаб рӯзи 12 январ дигарбора рӯи худро ба шогирдон боз кард.
Як марди афғон дар шаҳри Мазори шариф.
Як қассоби афғон дар яке аз бозорҳои Кобул калла ва поча мефурӯшад.
Як пулиси покистонӣ дар назди мактабе, ки дар Пешовар мавриди ҳамла қарор гирифта буд.
Кобул
Мактаби мутааллиқ ба артиш, ки мавриди ҳамла қарор гирифта буд, рӯзи 12 январ дубора боз шуд.
Тамрини футбол дар ҳавои туман. Ҳиндустон.