18 акси диданӣ аз гӯшаҳои гуногуни дунё

Як паранда бар болои муҷассамаи Сайнт Петер дар Ватикан. 3-юми июн.

Обхезӣ дар Порис. 3-юми июн.

Як писарбачаи суриягӣ ба ҳалокати бародараш, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоии артиши Сурия дар шаҳри Идлиб кушта шудааст, вокуниш нишон медиҳад.

Венгрия.

Як мард аз назди таблои бузурги раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва номзади ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико Доналт Трамп убур мекунад. Шаҳри Вилнюс.

Амалиёти наҷоти селзадагон дар шаҳри Симбачи Олмон бо чархболҳо. 1-уми июн.

Минтақаи Хаббоз дар 20-километрии ҷануб-ғарби Каркук, Ироқ. 

Як марди афғон дар Қандаҳор.

Як зан дар яке аз хиёбонҳои марказии Маскав пойпӯшҳои дастдухти худро мефурӯшад.

Як ҷудоихоҳи тарафдори Русия дар ҳоли пухтани хӯрок дар бинои тахрибшудаи Фурудгоҳи байналмилалии Донетск, Украина.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Македония.

Наҷотбахшон ҳини тафтиши ҷое, ки се ҳамкорашон бар асари лағзиши замин нопадид шуданд. 30-юми май. Шаҳри Лвов, Украина.

Як кӯдаки покистонӣ аз партовгоҳ хӯрок меҷӯяд. Наздикиҳои шаҳри Карочӣ.

Халабони Украин ва узви парлумони он кишвар Надя Савченко қабл аз оғози ҷаласаи парлумон сигор дуд медиҳад ва каҳва менӯшад. Ӯ чанд рӯз қабл аз сӯи Русия раҳо шуд. 

Як хонаи пиронсолон пас аз сӯхтор дар наздикиҳои шаҳри Киев, Украина. 29-уми май.

Як марди суриягӣ бо номи Аҳмад дар паҳлӯи духтараш Реем, ки бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои Башор Асад маҷрӯҳ шудааст. Шаҳри Даръои Сурия.
 

Нерӯҳои ироқӣ ҳини тирандозӣ ба сӯи мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар наздикиҳои шаҳри Фаллуҷа, Ироқ.

Ҷашни суннати ақалияти Хакас дар Русия.