Аз лагади тасвирбардор ба паноҳҷӯён то арӯсӣ дар Кубонӣ

Як марди паноҳандаи суриягӣ бо ҳамроҳии писари хурдсолаш дар Маҷристон дар ҳоли фирор аз касоне, ки муҳоҷиронро ҷамъ мекунанд, ба замин меафтад. Падару писар дар паи лагади як хабарнигори маҷористонӣ ба замин меафтанд. Ин наворбардор баъди фош шудани амалаш аз кор барканор шуд.

Домод ва арӯс дар шаҳри Кубонӣ, дар шимоли Сурия.

Як паноҳҷӯи суриягӣ дар ҳоли гурехтан аз роҳи оҳан дар наздикии марзи Юнон ва Македония.

Паноҳҷӯён, ки бештари онҳо аз Сурия ҳастанд, пас аз гузаштан аз марзи Юнон ва Македония, савори қатор мешаванд, то долони машҳур ба "Балкан" (Туркия, Юнон, Македония ва Сербистон)-ро тай кунанд.

Паноҳандае дар наздикии як деҳа дар Маҷористон бо фарзандаш аз сармо ба гармо паноҳ бурдааст.

Як писарбачаи покистонӣ дар як мактаби Пешовар. 

Як духтари афғон ва гузар дар ҳоли ғуруби офтоб дар Кобул.

Духтарони мактабхон дар як мактаби Ҳирот пас аз маълум шудани нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол дода мешавад. Ҳафтаи гузашта наздик ба 300 духтар ба ин хатар рӯбарӯ шуданд.

Намоиши муқовимат ва тавоноии ҷисмии нерӯҳои низомии Русия дар Сибир.

Ҳамлаи як корманди пулис ба паноҳҷӯён дар Македония.

Паноҳҷӯён пас аз убур аз марзи Юнон ва Македония дар интизори сабти ном ҳастанд.

Як муҳоҷири корӣ аз Узбакистон дар ҳоли ҷамъоварии картошка дар наздикии шаҳри Красноярск, Русия.