Аз Ироқу Шом то Кобулу Теҳрон (20 АКС)

Кӯдакони афғон дар Кобул.

Cарнагун шудани як ҳавопаймо дар пойтахти Тайван, ки бар асари он 31 нафар кушта шуда, 15 нафар наҷот ёфтанд ва аз 12 нафар дараке нест. Ҳавопаймо ба дарё афтода буд.

Хабарнигори австралии шабакаи Ал-Ҷазира пас аз раҳоӣ. Петер Грест баъд аз сипарӣ намудани беш аз як соли зиндон дар Миср, рӯзи 5 ба кишвараш баргашт. Ду хабарнигори ин бунгоҳи хабарӣ ҳанӯз дар боздошт ба сар мебаранд.

Ақаллияти қирғиз дар вилояти Шинҷони Чин.

Зани солхӯрдаи дар минтақаи ҷангзадаи шарқи Украина, ки набард миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматӣ идома дорад.

Киев --пойтахти Украина қабои сафед ба тан дорад.

Мардуми дар минтақаи Донестск аз нооромиҳо фирор мекунанд.

Сел дар Албания

Зане аз ақаллияти эзидӣ дар Ироқ.

Муштариён дар як маркет дар Бата, Экватор. Дар ин кишвар дар баробари дигар ҳайвонот, крокодилҳо низ фурӯхта мешаванд.

Рӯзгори сахт дар минтақаҳои ҷангзадаи Украина.

Кашфи қабристони дастҷамъии қурбониёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ.

Имдод ба захмие дар шаҳри Димишқ, Сурия.

Кӯдаки маҷрӯҳи сурёнӣ дар интизор кӯмак. Тайи рӯзҳои гузашта минтақаҳои атрофи Димишқ шоҳиди даргириҳои хунун миёни мухолифон ва нерӯҳои давлатии Сурия буд.

Сарбози украинӣ дар назди бинои вазорати дифоъ дар Киев.

Ду марди дучархасавор дар Македония.

Обкашии духтараки хурдсол дар Мазори Шариф, Афғонистон.

Фирор аз ҷанг ба ҷои ором. Минтақаи Донетски Украина.

Чашмони як паноҳандаи афғон дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Пешовари Покистон дар интизори бозгашт ба кишвараш. Покистон тайи рӯзҳои ахир садҳои паноҳандаи афғонро аз он кишвар ихроҷ кардааст.

Духтари хурдсоли эронӣ тасвири бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Оятуллоҳ Хумайниро дар даст дорад. Рӯзи 1 феврал дар Эрон аз 36-уми солгарди бозгашти Имом Хумайнӣ аз Порис, таҷлил ба амал омад.