Бист акси як ҳафта аз чаҳор гӯшаи ҷаҳон

Вилояти Ҳироти Афғонистон.

Вокуниши шиаҳои покистонӣ ба ҳодисаи ҳамла ба як масҷид дар Шикарпури вилояти Синд, ки беш аз 50 кушта ба ҷой гузошт.

Як духтари хурдсоли украинӣ бо падараш.

Осори вайронӣ дар шаҳри Кӯбонӣ, Сурия.

Ҳайкали раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Фаронса.

Як зани украинӣ дар шаҳри Донетск, ки манзилаш бар асари ҷангҳо вайрон шудааст.

Як зани бехонумон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон.

Як маросими динӣ дар Руминия.

Як низомии украинӣ дар Донбасс.

Ҷои нигаҳдошти беш аз 450 саг дар Сербия.

Наздикон ва дӯстон дар маросими ҷанозаи Николай ва Любов Бобилев, духтари онҳо Марина Кашина ва набераи 3-солаашон Вячеслав, ки рӯзи 24 январ бар асари даргириҳо дар шарқи Украина ба ҳалокат расиданд.

Муаллимаҳои покистон дар шаҳри Пешовар тирандозӣ меомӯзанд. Ҳамла ба як мактаби низомии Пешовар дар 16 декабри соли гузашта, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 150 нафар шуд, ҳукумати маҳаллиро водор кард, то барои таъмини амнияти бештар дар мактабҳо, муаллиҳоро дарси тирпаронӣ ва худмуҳофизатӣ биомӯзонад.

Пулиси зидди шӯриш дар Косово.

Пулиси афғон ҳини тамрин дар Ҳирот.

Як хонаводаи курди Сурия дар марзи Туркия-Сурия.

Нерӯҳои ироқӣ пас аз озодсозии вилояти Диёла дар шимол-шарқи Бағдод аз дасти нерӯҳои  гурӯҳи Давлати исломӣ.

Дар як мактаби низомӣ дар шаҳри Ставрополи Русия.

Аз пайи ризқ дар кӯчаҳои Кобул.

Як марди афғон дар кӯчаҳои Кобул аз пок кардани кафшҳои дигарон ризқи худро меёбад.