Аксҳои дидании Радиои Озодӣ дар ин ҳафта (15 АКС)
Коргарон дар шаҳри Амритсари Ҳинд барои як фестивали ҳиндӣ чароғакҳои месозанд.(15 октябр)
Ҳаводорони дастаи футболи Албания аз капитани он тим истиқбол карданд. Дар ҷараёни бозии Сербиа ва Албания миёни бозигарони ду даст муноқиша сар зад, ки мухлисони ду даста низ вориди ҷанҷол шуданд.
Туйи дастаҷамъӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон.
Як пиразани украинӣ дар муқобили вайронаҳои як бино дар шаҳри Донетски Украина.
Даргирии миллигароёни украина бо пулис дар шаҳри Киев.
Бошандагони шаҳри Лоҳури Покистон дар соҳили дарёи Равӣ
Беҷошудагони афғон дар як паноҳгоҳи муҳоҷирон дар Кобул. Барномаи ҷаҳонии ғизо мегӯяд, ки бинобар камбуди маблағ, тақсими маводи хӯрока барои 1 миллион афғонро коҳиш додааст.
Кӯдакони покистонӣ дар яке аз минтақаҳои атрофи Лоҳур ҳини бозӣ.
Як нонфурӯш дар минтақаи ҷангзадаи марзи Туркия ва Сурия, ки гурӯҳи Давлати исломӣ бо курдҳо машғули ҷанг аст.
Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри бо тими амниятии худ дар шаҳри Қоҳираи Миср қабл аз парвоз ба Париж.
Майдони "Истиқлол"-и Киев.
Ду марди курди Туркия дар марз бо Сурия ба сӯи шаҳри Кубонӣ, ки дар муҳосираи гурӯҳи Давлати исломӣ қарор дорад, менигаранд.
Занони арманӣ дар маросими таҷлили Рӯзи шаҳр дар Ереван.
Як марди афғон дар ҷои ҳодисаи ҳамлаи худкуш ба нерӯҳои ISAF дар наздикиҳо Кобул.