Парвандаи як тоҷик дар Амрико ҷанҷолӣ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қазияи як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз беморхонаи амрози рӯҳӣ фирор карда, худро аз Вашингтон ба Душанбе расонд, дар Амрико баҳсҳоеро барангехтааст. Парвандаи Абдуллои Тошпӯлодзода, ки 5-уми август дар ғайбаш муҳокима шуд, ҳоло дар матбуот ва телевизионҳои Амрико сари забонҳост.