Як хонавода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз шеваи таҳқиқи марги падарашон норозиянд. Исмоилҷон Яъқубови 74-сола дар оғози моҳи октябр аз ҷониби ҳамсараш, Гулхумор Маҳмудоваи 49-сола, бо чандин зарби корд кушта шудааст.
Дар ҳоле ки мақомот сабаби ҳодисаро муноқишаи лафзии зану шавҳар медонанд, писарони Исмоилҷон Яъқубов бовар доранд, ки эҳтимол баҳс бар сари хонаву дар сурат гирифтааст. Ин мард аз ҳамсари аввалааш, ки бар асари беморӣ фавтидааст, чаҳор фарзанд ва аз ҳамсари дувумаш, ки ҳоло бо гумони куштори ӯ дар боздошт аст, ду писари хурдсол дорад.
Дар Додситонии шаҳри Истаравшан гуфтанд, ки нисбат ба Гулхумор Маҳмудова, ҳамсари дувуми Исмоилҷон Яъқубов, бо гумони моддаи 104, қисми 2, банди "е"-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 15 то 25 сол ҳабс ва ё зиндони умрбодро дар назар дорад.
Муҳриддин Раҷабализода, муфаттиши Додситонии шаҳри Истаравшан, дар наворе, ки мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд, сабаби ҳодисаро муноқиша байни зану шавҳар номида, вале ҷузъиёт надодааст.
Гулхумор Маҳмудова, ҳамсари Исмоилҷон Яъқубов, низ дар як видеои Раёсати корҳои дохилии Суғд, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, дар бораи чӣ гуна зарба задан ба тани шавҳарашро нақл карда, сабаби муноқиша ва то ин ҷо кашида шудани баҳсро нагуфтааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ аст ва имкони аз манобеи мустақил санҷидани суханҳои ӯ имконпазир нест.
Радиои Озодӣ бо наздикони Гулхумор Маҳмудова тамос гирифт, вале онҳо нахостанд, дар ин бора гап зананд. Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Яъқубов, яке аз писари Исмоилҷон Яъқубов аз ҳамсари аввалааш, рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз ҳодиса беш аз ду ҳафта гузаштааст, муфаттишон ангезаи аслии ҳодисаро нагуфтанд. Исмоилҷон Яъқубов бо ҳамсар ва ду фарзанди хурдсолаш дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекардааст.
"Ба назди муфаттиш рафта, пурсидам, ки чаро суҳбат намекунед? Чаро аз фарзандони ӯ намепурсед, ки дар хона чӣ гузашт? Муносибати падару модаратон чӣ хел буд? Муфаттиш дар ҷавоб гуфт, лозим шуд, мепурсем. Бародарам ба Душанбе рафт, ба Додситонии кул нома навишт," – афзуд ӯ.
Манучеҳр Яъқубов мегӯяд, ду писари модарандараш ҳоло дар тарбияи ӯ қарор доранд ва гуё бино бар нақли онҳо "пас аз он ки хона ба номи Гулхумор Маҳмудова гузаронда шуд, муносибати зану шавҳар тағйир ёфта, зуд-зуд ҷанҷол рух додааст." Радиои Озодӣ тасдиқи мустақилонаи ин суханҳоро надорад.
Исмоилҷон Яъқубов дар гузашта ба ҳайси муҳосиби зиндон кор карда, унвони ҳарбии майор доштааст. Солҳои охир таксӣ ронда, аз ин ҳисоб рӯз мегузарондааст.
Инро ҳам бинед:
"Мегуфтам, ки ба хотири кӯдакон тоқат кун, аммо оқибат духтарамро кушт"Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз чанд мавриди қатли шавҳар ба дасти ҳамсар гузориш дода, баъзе аз ин занон дар бозпурсӣ хушунати пайваста, аз ҷумла таҳқиру латукӯбро далел овардаанд.
Як зани 48-сола аз ноҳияи Ашт моҳи апрели имсол бо гумони куштори шавҳараш боздошт шуда, дар бозпурсӣ гуфтааст, шавҳараш дар ҳолати мастӣ буду ҷанҷол кард ва ӯ барои халосӣ ва тарсондан вайро бо чӯбдаст зад. Чизе, ки боис ба марги шавҳараш гаштааст.
Аз он пеш, дар соли 2025 як зани 27-сола аз ноҳияи Спитамен шавҳари 49-солаашро бо сабаби ба гуфтаи ӯ “дар ҳолати мастӣ гулӯяшро бӯғӣ кардану таҳдиди талоқ” бо корд задааст.
Кумитаи кор бо занон ва оила дар Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол аз тақрибан 800 зан дар бораи хушунат дар оила шикоят гирифт. Ба иттилои ҳамин ниҳод, дар ин давра зиёда аз 200 мард низ аз зӯроварии занони худ шикоят кардаанд. Мавридҳое, ки дар гузашта дар ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон камтар дида шудааст.