Ин нома ба Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо фиристода шуда ва ба он се комиссари аврупоӣ аз минтақаи Балтик, яъне Кая Каллас, Андрюс Кубилюс ва Валдис Домбровскис ва ҳамчунин комиссарҳои Лаҳистон ва Финландия имзо гузоштаанд.
Ин нома, ки 30 июл фиристода шуд, яке аз маҷмуае аз занги хатарҳое буд, ки давоми тобистон дар бораи таҷовузи Русия ба садо даромад ва дар ниҳоят ба сафари ғайричашмдошти Ҷон Рэтклифф, раиси CIA ба Маскав дар 25 август хатм шуд.
Манбаъҳои огоҳ аз ин сафар, рӯзи 26 август дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод\ Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Ҷон Рэтклифф ба Маскав рафт, то ба Кремл дар бораи ташдиди таниш бо муттаҳидони Амрико, ба вижа Эстония, Латвия ва Литва, ҳушдор диҳад ва Маскавро аз ин кор барҳазар дорад.
Ин иқдом пас аз гузориши The Wall Street Journal дар 6 август сурат мегирад, ки бо такя ба манбаъҳои истихборотии Амрико эълон карда буд, ки Русия мумкин аст дар тирамоҳи имсол қотеияти НАТО-ро бо як ҳамлаи маҳдуд, мавриди озмоиш қарор диҳад.
Дипломатҳои кишварҳои назди Балтик ба шарти ошкор нашудани номашон, дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар тӯли тобистон маълумоти бештаре дар мавриди амалиётҳои "Парчами қалбакӣ"-и Русия вуҷуд доштааст, аммо ҳеч нишонае аз эҳтимоли ҳамлаи анъанавии қарибулвуқӯъ ба назар намерасад.
Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки чунин амалиётҳое мумкин аст ба ҷумҳуриҳои наздик Балтик маҳдуд нашаванд. Ин нигарониҳо бо ҳолатҳои ахири дахолати эҳтимолии Русия дар сӯиқасдҳо, сӯхторҳо ва вуруди паҳподҳо ба ҳарими ҳавоии чанд кишвари НАТО, аз ҷумла, Олмон, Лаҳиятон ва Словакия тақвият ёфтааст.
КИШВАРҲОИ БАЛТИКА ЧӢ ҚАДАР ОМОДААНД?
Дар нигоҳи аввал ба назар мерасад кишварҳои назди Балтик -- Латвия, Литва ва Эстония дар мавқеияти идеалӣ барои муқобила бо ҳар навъ ҳамлаи Русия қарор доранд.
Онҳо муддатҳост, ки дар бораи шаклҳои гуногуни фаъолиятҳои вайронгаронаи Русия ҳушдор дода ва барои он барномарезӣ кардаанд. Ҳар се кишвар ба ҳадафи таъйиншудаи НАТО барои соли 2035 дар бораи ҷудо кардани панҷ дарсад аз Тавлиди нохолиси дохилӣ ба будҷаи дифоӣ расидаанд ва ё ба зудӣ хоҳанд расид. Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор шудааст раванди ҷудо кардани 14 миллиард доллар қарз барои сармоягузории дифоӣ ва амниятӣ дар ин минтақаро оғоз кунад.
Гузашта аз омодагиҳои дифоии анъанавӣ, онҳо, ба вижа Эстония ҳамчунин дар хатти муқаддами фановариҳои пешрафта қарор дорад.
Яан Ҳейн, муовини раиси ширкати эстониии DefSecIntel Solutions ба шабакаи "Current Time" гуфт, "мо тасмим гирифтем дар паҳлӯи ҳамкорони украинии худ биистем, аз тирамоҳи 2022 мо дар хати пеш бо онҳо будаем ва аз фановариҳои мо дар онҷо истифода мешавад. Ин масъала ба мо пешрафт ва ангезаи бузурге додааст".
Ӯ гуфт, ки маҳсули ин кишвар барои муҳофизат аз марзҳои Эстония ва ҳамчуни даҳҳо кишвари дигар истифода мешавад.
Ё ширкати навтаъсиси эстонии Wayren-ро мисол гиред, ки нармафзореро барои насб дар смартфонҳо, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳои майдони ҷанг таҳия кардааст, то мубодилаи маълумотро аз дахолати беруна муҳофизат намояд.
Ҳенри Ҳарм, аз бунёдгузорони ин ширкат ба "Current Time" гуфт, "Эстония аз баъзе ҷиҳатҳо беназир аст: ҳамчун кишвари хурд бо саноати нисбатан маҳдуд, мо ба технологияҳои пешрафта тахассус дорем. На чандон дар платформаҳои бузург, ба мисли танкҳо ё киштиҳо, ки кишварҳои бузургтар анҷом медиҳанд -- балки бо роҳҳалҳои ҳушманд ва навовариҳое, ки метавонанд дар чунин системаҳо мутобиқ гардида, ва аз ин тариқ бартарӣ ба даст оваранд".
Аммо агар дақиқтар нигоҳ кунед, шикофҳо намоён мешаванд.
Музокирот дар бораи будҷаи ҳафсолаи баъдии Иттиҳоди Аврупо бо пешниҳоди Комиссияи Аврупо барои ҷудо кардани як сандуқи 145 миллиарддолларӣ барои сармоягузории амниятӣ ва дифоӣ оғоз шудааст. Аммо чанд кишвар, ки аз таъминкунандагони аслии будҷа ҳастанд, аз ҷумла бузургтарини онҳо, яъне Олмон ба таври таври ошкоро эълон кардааанд, ки барои оянда хоҳони будҷаи хурдтаре барои Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.
Бисёре аз мақомоти Иттиҳоди Аврупо бими онро доранд, ки эҳтимолан бахши дифоъ яке аз арсаҳое бошад, ки будҷаи он коҳиш меёбад ва ин нигаронӣ дар номаи фошшуда низ ба мушоҳида мерасад.
Бархе аз пешниҳодҳои ин нома рамзӣ ҳастанд, монанди боздиди "фаврӣ"-и тамоми Комиссияи Аврупо аз яке аз кишварҳои хати пеш дар тирамоҳи имсол, "зеро ҳамаи мо шоҳиди шадидтар шудани таҳдидҳо алайҳи кишварҳои назди Балтик ҳастем".
МОНЕАҲОИ ЗИДДИТАНКӢ БА ҶОЙИ "ДЕВОРИ ПАҲБОДӢ"
Бо ин ҳол, хостаҳои аслии кишварҳои назди Балтик, таъмини молии бештар аст, ба тавре, ки дар нома дархости ҳудуди 115 миллиард доллар барои тақвияти фазои тиҷорат ва сармоягузорӣ дар кишварҳои хати пеш матраҳ шудааст.
Ин нома бо ишора ба афзоиши фаъолиятҳои паҳподӣ ва дигар иқдомоти Русия мегӯяд, "ин рӯйдодҳо дар ҳоли ҳозир таъсири манфӣ бар фазои тиҷорати минтақа ва эътимоди умумӣ ба амният гузоштааст. Барои пешгирӣ аз бадтар шудани вазъ, иқдомоти ошкоро ва саривақтӣ зарур аст".
Дар миёни чораҳои пешбинишуда инҳоянд: "тавоноии вокуниши фаврӣ ба халалдоршавии системаи энержӣ ва таҳдидҳо ба зерсохтҳои муҳими барқ ва газ, таъсиси захирагоҳҳои минтақавии молу колои зарурӣ, бунёди паноҳгоҳҳо, инчунин омодагӣ барои вокуниш ба таҳдидҳои кибернетикӣ, харобкорӣ, электронӣ ва маълумотӣ".
Ончи ошкоро дар ин матн ва ахиран дар бештари мукотибаҳои Иттиҳоди Аврупо дида намешавад, "деворҳои паҳподӣ" аст, тарҳе пешниҳодӣ, ки солҳои гузашта ба таври васеъ мавриди баҳс қарор гирифт ва Иттиҳоди Аврупо нияти таъмини молии онро дошт.
Ҳадаф ин буд, ки тамоми ҷиноҳи шарқии Иттиҳоди Аврупо бо сенсорҳо ва имконоти ошкор барои шиносоӣ ва сарнагун кардани паҳподҳои душман муҷаҳҳаз гардонида шавад. Аммо дар ин замина, ҳеч чиз анҷом нашудааст. Як мақом дар яке аз ҳукуматҳои кишварҳои назди Балтик ба Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфт, "сухан гуфтан дар бораи девори паҳподӣ осонтар аз сохтани он аст. Аммо биёед, рост бигӯем, ҳанӯз ҳечкас ин деворро надорад, ҳатто украиниҳо".
Мушкилоти мавҷуд молӣ, фаннӣ ва қонунӣ ҳастанд. Маълум нест, чӣ касе бояд хароҷоти чунин системаи гаронқиматеро бипардозад, бахшҳои калидӣ аз ҷумла, сенсорҳо, радарҳо ва як системаи фармондеҳӣ ва назорати коромад ҳанӯз ба таври комил рушд наёфтаанд, ва ҳанӯз бар сари инки оё тамомии ин система бояд комилан худкор бошад ё тавассути инсон назорат шавад, баҳс ва ҷанҷол вуҷуд дорад.
ТАРҲИ "РОҲИ ОҲАНИ БАЛТИКА"
Сипас пойи тарҳи "Роҳи оҳани Балтик" ба миён меояд, яке аз дигар тарҳҳои таъминкунанда тавассути Иттиҳоди Аврупо, ки тибқи нақша пеш намеравад.
Ин тарҳ, ки дар соли 2015 роҳандозӣ шуд, қарор буд кишварҳои назди Балтикро, ки шабакаҳои хати роҳи оҳани онҳо ҳанӯз асосан ҳамон хати роҳи оҳани замони Шӯравӣ истифода мекунанд, ба Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо васл кунад.
Ин хат бисёр муҳим гуфта мешавад, зеро як долони калидии ҳаракати низомии стратегиро ташкил медиҳад, ки шуморе нерӯҳо ва аслиҳаи НАТО-ро барои дифоъ аз минтақа фароҳам меорад ва аҳамияти ба истилоҳ "Долони Сувалки"-ро аз байн мебарад.
Ин долони танги хушкигард Полша ва Литваро ба ҳам пайваста, дар байни Беларус (ки бо Маскав ҳампаймон аст) ва минтақаи Калининград ҷойгир шудааст. Аксари тарроҳони амалиёти низомӣ бар ин назаранд, ки дар сурати ҳамла ба НАТО, Маскав ҳамин долонро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, ва асосан барои ҷуброни ин осебпазирӣ, Литва имсол қонунеро дар бораи бунёди як майдони тамрини низомӣ дар ин долон қабул кард. Корҳои омодагӣ аллакай дар наздикии деҳаи Капчяместис (Kapciamiestis) оғоз шудаанд; дар он ҷо то 4000 сарбози литвонӣ ва низомиёни кишварҳои дигари НАТО метавонанд машқҳои низомӣ анҷом диҳанд.
Ин иқдом бояд Бригадаи 45-уми зиреҳпӯши Олмонро, ки дар шимоли ҳамин минтақаи стратегӣ ҷобаҷо мешавад, ва гурӯҳи ҷангии чандмиллатии НАТО таҳти роҳбарии Амрикоро, ки дар ҷануби он дар Лаҳистон ҷойгир аст, пурра намояд.
Марзҳои Латвия, Литва ва Лаҳистон бо Беларус низ бо монеаҳо ва хандақҳо мустаҳкам карда мешаванд, то пеши роҳи ҳамлаҳои эҳтимолии низомӣ ва талошҳои муҳоҷирон барои убури марз гирифта шавад.
Бо ин ҳол, бархе, аз ҷумла, Валдас Туткус, фармондеҳи пешини нерӯҳои мусаллаҳи Литва шак доранд, ки ин чораҳо кофӣ бошанд.
Ӯ ба "Current Time" гуфт, "мо дар ҳоли харидани ҳазор мошини боркаш ҳастем. Мо дар ҳоли сохтани як хати дифоӣ ҳастем. Бо вуҷуди онки ба хубӣ медонем, ҷанги муосир бо тонк анҷом намешавад".
Ӯ афзуд, "дар мавриди Капчяместис, агар вазорати дифоъ онро ба андозаи кофӣ ва рӯшан тавзеҳ дода буд, метавонистем дар бораи он баҳс кунем. Аммо мутаассифона дар ҳоли ҳозир танҳо чизе, ки шунидаем ин аст: бовар кунед, мо ба он ниёз дорем. Мутаассифона ҳеч далеле нашунидаам".