Муроҷиати занони тоҷик, узбек ва қирғиз ба омбудсмени Русия дар бораи зиндониён

Акс аз бойгонист.

Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия гуфтааст, занони зиёде аз ҷумла аз Тоҷикистон ба ӯ муроҷиат карда, барои истирдоди наздиконашон аз маҳбасҳои Русия ба ватан кӯмак мехоҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, мавзӯи фиристодани зиндониён барои идомаи адои ҷазо ба кишварҳои худ дар ҷаласаи ахири вазорати адлияи Русия матраҳ шудааст. Москалкова рӯзи 26-уми январ бо нашри ин хабар дар канали худ дар Телеграм гуфтааст, ин мавзӯи бисёр муҳим аст ва аксаран занон аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон аз ӯ дар ин маврид кӯмак мепурсанд.

Ба таъкиди ӯ “ба далели мушкил дар тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, хуб надонистани забони русӣ ва расонидани маводи зарурӣ барои наздикони маҳбуси худ, онҳо бисёр азоб мекашанд.” Омбудсмен тартиби дуру дарози баррасии дархостҳо барои истирдоди маҳбусон ва номувофиқатии қонунгузории кишварҳо ба созишномаҳои байналмилаллиро мушкили асосӣ дар ҳалли ин масъала хондааст.

Масъалаи интиқоли маҳбусон миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз мавзуъҳои доғ боқӣ мемонад. Бисёре аз муҳоҷирон ва наздикони онҳо шикоят мекунанд, ки бинобар дурии роҳ ва мушкилоти молӣ, имкони дидор бо азизонашон дар маҳбасҳои Русияро надоранд. Нигарониҳо дар ин бора пас аз ҷалби маҳбусон аз зиндон ба ҷанги Украина бештар шуд.

Қаблан гурӯҳе аз маҳбусони тоҷик дар зиндони Қазони Русия ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда, хостанд, онҳоро ба ватан баранд, вагарна ба ҷанги зидди Украина фиристода мешаванд. Додситонӣ гуфта буд, дархости шаҳрвандонро барои аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон овардани наздиконашон баррасӣ хоҳанд кард. Аммо дар бораи табодули зиндониён миёни Русия ва Тоҷикистон дар солҳои ахир хабару оморе нашр нашудааст.