"Оқо", "писари раҳбар" ва "чеҳраи паси парда". Муҷтабо Хоманаӣ кист?

Муҷтабо Хоманаӣ. Акс аз бойгонӣ

Муҷтабо Хоманаӣ, писари 56-солаи Алии Хоманаӣ, раҳбари куштадашудаи Эрон, рӯзи 8-уми март аз сӯи Маҷлиси Хубрагон ҷойгузини падар ва раҳбари сеюми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб шуд. Чеҳрае, ки бисёре аз эрониён ҳатто як суханронии ӯро дар ҳузури мардум надидаанд, дар раъси сохторе қарор гирифт, ки беш аз чор даҳа боз бар Эрон ҳукумат мекунад. Муҷтабо Хоманаӣ кист?

Навишатаи Ваҳид Пурустод аз бахши форсии Радиои Озодӣ

"Эшон оқост, на оқозода"

Алии Хоманаӣ, раҳбари кушташудаи Ҷумҳурии Исломӣ, солҳо пеш ба мунтақидони дохилӣ гӯшзад карда буд, ки нисбат ба писараш, Муҷтабо Хоманаӣ, танҳо аз калимаи "оқо" истифода кунанд.

Меҳдии Каррубӣ, номзади нокоми интихоботи президентӣ дар Эрон, соли 2005 Алии Хоманаиро муттаҳам кард, ки писараш Муҷтабо дар ҷараёни интихобот аз номзадии Муҳаммадбоқир Қолибоф пуштибонӣ кардааст. Каррубӣ дертар гуфт, вақте яке аз "бузургон" ба оятуллоҳ Хоманаӣ расонд, ки "оқозода аз фалон кас ҳимоят мекунад", Хоманаӣ посух додааст: "Эшон оқост, на оқозода".

Ҳамин ҷумла номи Муҷтабо Хоманаиро бори нахуст вориди дунёи сиёсат кард. На танҳо ба унвони яке аз фарзандони раҳбари олии Эрон, балки ба унвони чеҳрае, ки гуфта мешуд дар пушти пардаи таҳаввулоти сиёсӣ нақш дорад. Акнун, бо интихоби Муҷтабо Хоманаӣ, номе, ки солҳо дар ҳошияи қудрат шунида мешуд, расман дар маркази сохтори ларзони Ҷумҳурии Исломӣ қарор гирифтааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари нави Эрон интихоб шуд

Фарзанди раҳбар

Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: Мустафо, Муҷтабо, Масъуд, Майсам, Бушро ва Ҳудо. Муҷтабо писари дувуми раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аст. Дар ҷараёни ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, Ҳудо Хоманаӣ ҳамроҳи ҳамсару фарзандаш кушта шуд.

Аз миёни фарзандони раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ, бисёриҳо Муҷтаборо аз назари чеҳра ва ҳатто нигоҳу фикр шабеҳтарин фарзанд ба Алии Хоманаӣ медонанд. Муҳаммадҳусайн Хушвақт, бародари ҳамсари Мустафо Хоманаӣ, гуфта буд: "Ҳоҷӣ оқо Муҷтабо шабеҳтарин фарзанд ба эшон ҳастанд, чи аз назари чеҳра ва чи аз назари вижагиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ".

Ӯ, албатта, таъкид мекард, ки ин шабоҳат ба маънои дахолати мустақими Муҷтабо Хоманаӣ дар сиёсат нест, ҳарчанд мумкин аст ба далели мавқеияташ мавриди машварати бархе қарор гирад.

Алии Хоманаӣ бо писараш Муҷтабо

Аз овоза то интихоб

Солҳо пеш баъзе аз рӯҳониёни наздик ба ҳукумати Эрон эҳтимоли ҷонишинии Муҷтабо Хоманаиро матраҳ карда буданд. Маҳдӣ Тоҷзода, имоми ҷумъаи Баҳористон, гуфта буд: "Чи ишколе дорад, оқо Муҷтабо, ки хоре аст дар чашми душманон ва сифоти раҳбариро ҳам дорад, умури мардумро бар уҳда гирад?"

Пеш аз ӯ низ Абдулкарим Фараҳонӣ, узви Маҷлиси Хубрагон, гуфта буд, агар рӯзе "сояи оқо набошад", яке аз фарзандони ӯ, ки "ба дараҷаи иҷтиҳод расида", метавонад бо раъйи аксарияти хубрагон раҳбариро ба даст гирад. Дар муқобил, мунтақидони ҳукумат борҳо аз эҳтимоли меросӣ шудани раҳбарӣ ҳушдор дода буданд.

Марде дар сояи қудрат

Муҷтабо Хоманаӣ дар тамоми ин солҳо дар гӯшаи синфҳо ва ҳуҷраҳои ҳавзаи илмия фақат дарси талабагӣ ва фиқҳу усул нахонд; ӯ ба тадриҷ ба яке аз мармузтарин чеҳраҳои пушти пардаи сиёсат ва "байти раҳбарӣ" низ табдил шуд. Ҳарчанд як узви Маҷлиси Хубрагон мегӯяд, писарони оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳеч масъулияти расмӣ надоранд, ҳидояти пушти пардаи сиёсӣ бе доштани мансаби расмӣ гоҳе таъсиргузортар аз ҳар мақоми идорӣ аст.

Муҳаммад Сарафроз, раиси пешини созмони Садо ва Симо, аз камшумор мақомҳое аст, ки ба нақши пасипардагии Муҷтабо Хоманаӣ дар сохтори қудрат ишора кардааст. Ӯ аз иртиботи наздики Муҷтабо бо раиси собиқи созмони иттилооти Сипоҳи посдорон сухан гуфта, ба ҷаласаҳое ишора кардааст, ки дар онҳо таҳаввулоти сиёсии кишвар, интихобот ва ҷобаҷоии нерӯҳои сиёсӣ баҳс мешудааст.

Номи Муҷтабо Хоманаӣ дар ҷараёни интихоботи ҷанҷолии соли 2010 низ беш аз гузашта матраҳ шуд. Бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва таҳлилгарон ӯро аз ҳомиёни аслии Маҳмуди Аҳмадинажод дониста, гуфтанд, ки дар он давра иртиботи наздики ӯ бо бархе фармондеҳони Сипоҳ ва нерӯҳои Басиҷ нақши муҳиме дар мудирияти фазои сиёсии пасоинтихоботӣ доштааст. Иддаое, ки мақомҳои расмии Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора рад кардаанд.

Бархе таҳлилгарон бовар доранд, яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои нуфузи Муҷтабо Хоманаӣ дар сохтори қудрат иртиботи наздики ӯ бо фармондеҳони Сипоҳи посдорон аст ва тайи солҳо ӯ ба яке аз ҳалқаҳои иртиботӣ миёни байти раҳбарӣ ва фармондеҳони аршади Сипоҳ табдил шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Касе лозим аст, ки оромиш орад." Трамп дар бораи раҳбари ояндаи Эрон

Раҳбари бе суханронӣ

Дар ҳоле ки бисёре аз рӯҳониён ва сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломӣ тайи даҳаҳо бо суханронӣ ва ҳузури умумӣ шинохта шудаанд, аз Муҷтабо то кунун тақрибан ҳеч суханронии умумӣ нашр нашудааст. Ҷомеаи Эрон амалан бо шеваи баён ва мавқеъгириҳои ӯ ошно нест.

Баъзе шахсоне, ки дар солҳои гузашта бо ӯ мулоқот ё гуфтугӯ доштаанд, низ гуфтаанд, Муҷтабо Хоманаӣ бархилофи бисёре аз рӯҳониёни Ҷумҳурии Исломӣ хатиб ё суханрони таъсиргузоре нест ва бештар дар ҷаласаҳои хусусӣ ва ҳалқаҳои наздик ба байти раҳбарӣ фаъолият доштааст.

Кишваре дар миёни буҳронҳо

Муҷтабо Хоманаӣ, ки таҷрибаи кор дар ниҳодҳои ҳукуматиро надорад, ҳоло раёсати Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда гирифтааст, ки бо маҷмӯае аз буҳронҳои амиқ дасту панҷа нарм мекунад.

Бар иловаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил, Эрон бо буҳрони обу барқ, поинравии арзиши пули миллӣ, таваррум, рукуди иқтисодӣ, густариши фақр ва фишори таҳримҳои байнулмилалӣ ва олудагии ҳавову хушк шудани захираҳои об рӯбарӯст. Коҳиши машрӯияти сиёсӣ, густариши норизоятии умумӣ, муҳоҷирати густардаи нухбагон, нокоромадӣ ва фасоди идораӣ аз чолишҳои дигари ҳукумати Эрон номбар мешаванд.

Дар чунин шароит, пурсиши аслӣ ин аст: раҳбаре, ки на таҷрибаи ҷиддӣ дар идораи ниҳодҳои давлатӣ дорад ва на аз машрӯияти дохилӣ ё байнулмилалӣ баҳравар аст, чӣ гуна метавонад кишвареро идора кунад, ки дар миёнаи ин буҳронҳо қарор гирифтааст?