То 15 рӯз. Муҳлати сабтиноми хориҷиёнро дар Тоҷикистон дароз карданд

Майдони Истиқлол дар шаҳри Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳон муҳлати сабтиноми меҳмонон ва хориҷиёнеро, ки ба кишвар меоянд, аз 10 то ба 15 рӯз дароз кард.

Қонун дар ин бора рӯзи 7-уми октябр дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон, қабул шудааст.

Ба гуфтаи Баҳодур Холиқзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ислоҳи Қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо мақсади “рушди сайёҳӣ ва таъмини шароити мусоид барои сайёҳон” пешниҳод шудааст.

Муовини вазир афзуд, қарори мазкур ҳамчунин барои иҷрои аҳдномаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя қабул шудааст, ки Тоҷикистон то се сол пеш бо он робитаҳои хубе надошт.

Ҳоло ҳар хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, дар сурати ҳузури бештар аз 10 рӯзи корӣ бояд дар шуъбаи милиса худ ва ҷойи иқоматашро сабтином кунад, вагарна ҳангоми тарки кишвар ба мушкил гирифтор мешавад ва бояд ҷарима пардозад.

Ҳукумати Тоҷикистон сайёҳиро яке аз роҳҳои асосӣ барои пешрафти иқтисод ва некӯаҳволии мардум номида, саъй кардааст, ки хориҷиёни бештарро ба кишвар ҷалб кунад.

Набудани меҳмонхонаву зербунёдҳои муносиб, хадамоти номукаммал аз ҷумлаи мушкилоте будаанд, ки хориҷиёнро аз омадан ба Тоҷикистон дилсард мекардаанд. Билети гарони ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари ҳамсоя аз сабабҳои дигар будааст.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба Тоҷикистон тақрибан 890 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025-ум 16 дар сад зиёдтар аст.

Аксари сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз кишварҳои ҳамсояву муштаракулманофеъ ба мисли Узбекистону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон будаанд. Эрону Туркия ва сипас кишварҳои хориҷаи дур дар феҳрасти меҳмонони асосии Тоҷикистон ҳам зикр шудаанд.