Вай афзуд, ки ин истгоҳи асосӣ дар доманакӯҳ қарор дорад ва барои дастрасии мардуми атроф бо интернет ва дигар хадамоти мобилии ҷадид, мисли 3 - G муҷаҳҳаз карда шудааст. Акнун мардуми деҳоти дурдаст метавонанд аз он истифода кунанд.
Сохтмони истгоҳи мазкур дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуда ва барои он беш аз 150 ҳазор доллар харҷ шудааст.
“Мегафон Тоҷикистон» мегӯяд, ки дар қаламрави кишвар ҳудуди як миллион нафар аз телефонҳои мобилӣ ва хизмати интернетии он истифода мекунанд.