Фурудгоҳ ба пешгирии Эбола омода аст. ВИДЕО

Ҳоҷиёни тоҷик аз нахустин нафароне буданд, ки дар роҳи бозгашт аз Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба манзури доштан ё надоштани вируси Эбола мавриди ташхис қарор гирифтанд.

Ҳоҷиёни тоҷик аз нахустин нафароне буданд, ки дар роҳи бозгашт аз Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба манзури доштан ё надоштани вируси Эбола мавриди ташхис қарор гирифтанд.

Кормандони маркази тиббии фурудгоҳи Душанбе мегӯянд, ки аз ин ба баъд мусофиронро дар фурудгоҳ бо дастгоҳи вежаи ҳароратсанҷ имтиҳон мекунанд ва баъдан иҷозаи берун шудан аз ҳавопайморо медиҳанд. Санҷиш ба хотири пешгирӣ аз вируси марговари Эбола аст, ки Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои дигари ҷаҳон аз паҳншавии он нигарон шудааст.

Мусофироне, ки аз қораи Африқо ва кишварҳои арабӣ вориди пойтахти Тоҷикистон мешаванд, махсус санҷида мешаванд.

Рӯзи 21 октябр ҳудуди сад ҳоҷӣ, ки дар дохили ҳавопаймо аз санҷиш гузаштанд, орӣ аз вируси Эбола эътироф шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди Эбола омода шудааст.

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, ҳарорати бадани мусофирон тариқи дастгоҳи мавсум ба термосканер ва ҳароратсанҷи бидуни тамос (безконтактный термометр) санҷида шуд. Термосканер, ки дар толори фурудгоҳ насб шудааст, аз масофаи панҷ метр метавонад таб доштан ё надоштани мусофиронро дақиқ кунад.

Се корманди маркази тиббии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳавопаймои ҳомили ҳоҷиҳо ворид шуда, ҳар яки онҳоро бо дастгоҳи ҳароратсанҷӣ бидуни тамос аз санҷиш гузаронида, баъдан барои берун шудан аз ҳавопаймо иҷоза доданд.

Файзулло Иззатов, корманди нуқтаи тиббии фурудгоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз гузоштани дастгоҳи ҳароратсанҷ ба пешонии мусофирон онҳоро як нафар кормандашон огоҳ кард, ки ба хотири ворид нашудани вируси Эбола ба Тоҷикистон ҳарорати баданашон санҷида мешавад. Ҷаноби Иззатов гуфт: “Ҳарчанд дар толори фурудгоҳ дастгоҳи ҳароратсанҷ насб шуда бошад ҳам, аммо мо ҳарорати бадани мусофиронро дар дохили ҳавопаймо месанҷем. Чун агар онҳо дар ҳавопаймо санҷида нашаванду ба берун бароянд дар сурати мавҷуд будани Эбола хатари сироят кардани дигарон бештар мешавад. Аммо агар дар худи ҳавопаймо бинем, ки мусофир таб дорад ва эҳтимоли Эбола мавҷуд аст, мо онро зуд бо роҳи дигар ба утоқи махсус мебарем.”

Кормандони нуқтаи тиббии фурудгоҳ ҳарорати бадани тамоми ҳоҷиёнро мӯътадил арзёбӣ карданд.

Камол Абдуллоев, ҳоҷии тоҷик аз натиҷаи ташхис хеле розӣ ба назар мерасид. Ӯ гуфт: “Дар Арабистон мо масруфи зиёрати Хонаи Худо будем, дар бораи Эбола ҳеҷ маълумоте надоданд ба мо. Танҳо ҳангоми

рафтанамон сахт аз тафтиш гузарониданду ҳини омадан дигар касе чизе нагуфт.”

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ ҳуҷраҳои махсусеро барои қабули сироятшудагони эҳтимолии вируси Эбола омода кардааст.

Сабоҳат Аҳмадбекова, масъули Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти эпидемиологии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир дар тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанбе барои қабули сироятшудагони эҳтимолии Эбола утоқҳои махсус омода шудааст. Бахусус дар беморхонаи амрози сироятии шаҳри Душанбе. Хонум Аҳмадбекова гуфт, утоқҳои махсус бо либоси хос таъмин шудааст. Либосе, ки табибон барои муроқибат аз гирифторони эҳтимолии вируси Эбола мепӯшанд, сартопо маҳкам буда, табибон пас аз берун шудан аз назди бемор онҳоро дар утоқҳои махсус дезинфексия мекунанд.

Эбола бемории марговарест, ки метавонад ҳангоми тамоси наздик, ба воситаи худ ва ҳамчунин тавассути ашёи заҳролудшуда ба инсон асар кунад.

Эпидемилогҳо мегӯянд, ки дар бештари мавридҳо ин маризӣ дар байни хешу табори шахси бемор пахш мешавад. Ҳангоми сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо аллакай бемории мазкур ба қайд гирифта шудааст, аз наздик шудан бо мардумони таҳҷоӣ, инчунин бо маймун ё кӯршабпарак худдорӣ кардан лозим аст. Тавсия дода мешавад, ки дар чунин кишварҳо аз воситаҳои шахсии ҳимоя истифода намуда аз рафтан ба ҷойҳои серодам ва наздикшавӣ бо шахсони табашон баланд худдорӣ кардан лозим аст.

Беморӣ метавонад баъди танҳо 8-10 рўзи сироят карданаш ба хуни инсон аз худ дарак диҳад. Оғози беморӣ хеле серҳаракат аст. Нишонаҳои аввалинаш дарди сари шадид, қай кардани хун, шикамравӣ, дарди мушакҳои бадан, ҷоришавии хун аз чашм, гўш, бинӣ, зираи дандон будааст. Ҳарорати бадан то 38-40 дараҷа боло рафта, беморро сулфаи хушк ва дарди шадиди қафаси сина пахш мекунад.

Барои пешгирии беморӣ лозим аст, ки ҳавои хона, бино, иншоотро мунтазам бо латтаи тар тоза ва рӯбучин кунанд, риояи гигиенаи шахсӣ ҳатмист. Аз ҷойҳои тасодуф харидани ғизо тавсия дода намешавад.

Дар сурати ошкор намудани нишонаҳои беморӣ ниқоби тиббӣ ё докаи 4-5-қабата пўшида, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Нафароне, ки аз кишварҳое омадаанд, ки дар онҳо бемории Эбола ба қайд гирифта шудааст ва нишонаҳои бемориро дар худ пайдо кардаанд, ҳатман ба духтур тариқи телефон муроҷиат кунанд. Ба ҳеҷ сурат ба таври хусусӣ ва бидуни машварат бо духтур ба табобат машғул шудан мумкин нест.