Чалпак, ниқоб ва оташ: Падруди русӣ бо зимистон

Ҷаҳидан аз рӯи оташ, бахше аз маросими Маслентиска аст. Ин маросим рӯзи 25-уми феврал дар наздикии шаҳри Санкт -Петербург сурат гирифт. Маслентиса пеш аз гаравидани русҳо ба дини масеҳӣ таҷлил мешуд ва маънии хотимаи ногузири зимистонро дорад. 

Либосе, ки духтари украинӣ дар рӯзи таҷлили Масленитса дар наздикии шаҳри Харков пӯшидааст. Маслентисаро умдатан дар Русияву Белорус ва Украина таҷлил мекунанд.

Чалпакпазӣ дар рӯзи Масленитса дар Маскав дар рӯзи 26-уми феврал. Чалпаки гарму сурх, маънии гармии баҳорро дорад ва ғизои аслӣ дар рӯзи Маслентиса аст.

Рустаборони Қирғизистон бо табақи чалпак дар рӯзи 26-уми феврал. Масленитсаро гоҳо бо номи "Ҳафтаи чалпакхӯрӣ" меноманд ва тавсия медиҳанд, ҳар қадар тавонед чалпак бихӯред. Соли 2016 бино ба гузоришҳо як мард дар озмуни чалпакхӯрӣ ҳалок шудааст. 

Оташ задани "Хонум Масленитса" дар шаҳри Кишинёви Молдова дар рӯзи 26-уми феврал. Оташ задани хӯса маънии падруд гуфтан бо торикӣ ва сардии зимистонро дорад. 

Нӯшидани чой дар рӯзҳои охири зимистон дар оби сард ҳам "бадӣ" надорад. Ин аксро дар шаҳри Маскав бардоштаанд, дар соате, ки ҳаво 5 дараҷа сард будааст. 

Айёшони ниқобпӯш дар рӯзи таҷлили Масленитса дар Киев дар рӯзи 26-уми феврал. As well as the food and samovars, Maslenitsa features some very rowdy events, most infamously mass fist-fights.

Дар ҷашни Масленитсаи имсола, сарбозони Белорус, зӯру тавоноии худро ба намоиш гузоштанд. 

Ин марди краснодарӣ дар рӯзи таҷлили Масленитса аз он хушбахтоне буд, ки бо дасту пой ва бадани урён то болои ин чӯб рафту ҷоиза гирифт. Акс аз рӯзи 26-уми феврал.

Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти идона дар рӯзҳои Масленитса дар шаҳри наздикии Минск, пойтахти Белорус.

Овозхониву рақс дар назди хӯсаи Маслентиса як бахши ин ид аст. Бо вуҷуди бегонагӣ ба мазҳаби масеҳӣ ин идро ба анъанаҳои динӣ омехта шудааст.

Оташ дар рӯзи Масленитса дар деҳаи Никола Лениветс дар Русия. Масленитса як рӯзе барои мардум аст, ки ба берун оянд ва дар охири зимистон бо хушҳолӣ бо фасли сармо падруд гӯянд.