Холаи Марям, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як ба як либосҳои келини ояндаашро ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дода, таъриф мекард, ки ба шарофати қонуни танзим як писарашро зан дод ва ҳоло барои овардани арӯси нав барои писари хурдиаш омодагӣ мегирад.
Марям-хола ба ҳукумати Тоҷикистон раҳмат гуфт, ки «ҳамин қонуни танзима қабул карду, хароҷот барои талбону арӯсбинону нағмаву нағомоти дигар кам шуд ва имкон дод, ки «бачаҳои бечора зудтар зан гиранду соҳиби фарзанд шаванд.»
Марям-хола мегӯяд: «Қудоҳои мувофиқ ва мефаҳмидагӣ бошанд, бо ҳам маслиҳат мекунанд, ки мегуянд, ки биё ин короя, латтамонаку дигару дигароша намекунем. Бо ҳамдигарфаҳмӣ туйро мегузаронанд. Ман ҳам дар хона туйро ботартиб гузарондам, тамом. «
Дар воқеъ «Қонун дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ» дар соли 2006 ба ҳазорон модароне мисли холаи Марям имкон додааст, ки бо харҷи камтар ба хона арӯс биёранд. Бино ба омори расмӣ, дар соли қабули қонун дар Тоҷикистон 52 ҳазор ҳазор ҷуфт ақди никоҳ бастанд, вале бо гузашти ду сол теъдоди ҷуфтҳои «хушбахт» аз 100 ҳазор ҳам гузаштааст. Мақомот ҳамаи инро самари қонуни танзим гуфта ва ситоиш ҳам кардаанд, ки дар муддати 7 соли иҷрои қонун дар кишвар 800 ҳазор маърака баргузор шуда ва 9 миллиард сомонӣ сарфаҷӯӣ шудааст, вале аз эътирофи он худдорӣ мекунанд, ки баъди қонуни танзим таввалуд зиёд ва иҷрои Стратегияи давлатии сиёсати демографии Тоҷикистон мушкилтар шуд.
Нуралӣ Ҷаъфаров, яке аз ҷавонони ноҳияи Ховалинг аст, ки баъди танзим издивоҷ карда ва дар афзоиши аҳолии Тоҷикистон саҳм гузоштааст: «Баъди танзим хароҷот бисёр кам шуд. Ман худам баъди танзим хонадор шудам, Худоро шукр фарзанддор ҳам шудем.»
Бар тибқи як назарсанҷие, ки соли 2011 анҷом шуд, 66 дар сади назардодагон бо Нуралӣ Ҷаъфаров ҳамақида будаанд ва гуфтаанд, Қонун дар бораи танзими расму оин, хароҷот барои издивоҷи ҷавононро камтар кардааст. Худи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ситоиш аз Қонун дар бораи танзими оила гуфтааст, ки дар соли 2008 дар кишвар тақрибан 140 ҳазор ҷашну маърака баргузор шудааст, ки 10 ҳазор маърака бештар аз соли 2007 аст. Ба гуфтаи донишмандони тоҷик, дар маҷмӯъ танҳо баъд аз як соли қабули қонун дар бораи танзим шумораи издивоҷҳо дар Тоҷикистон тақрибан 71 дар сад афзудааст ва ҳамингуна замина барои афзоиши таваллуд дар кишварро ҳам мусоидат кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Акбарҷон Субҳонов, ҷомеашиноси тоҷик ва кормандони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки доир ба равандҳои издивоҷ дар кишвар таҳқиқоти зиёде анҷом додааст, дар ин бора мегуяд: "Азбаски 75 фоизи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, яке аз сабабҳои издивоҷ кардан дар байни ҷавонони деҳот, ба дунё овардани фарзанд аст. Сабаби дуввум эҳсосот, яъне муҳаббат мебошад."
Ба навиштаи ин донишманди тоҷик, ҳосили тақрибан дар 90 дарсади издивоҷҳо дар Тоҷикистон таваллуди фарзанд аст. Рақамҳои Оҷонси омори кишвар низ баёнгари он аст, ки баъд аз соли 2006 теъдоди модарон ва ё бобову бибиҳо ба як борагӣ боло рафтааст. Масалан агар дар соли 2006 дар Тоҷикистон андаке бештар аз 186 ҳазор кӯдак таваллуд шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2010 дар Тоҷикистон тақрибан 240 ҳазор кудак ба дунё омадааст.
Акбарҷон Субҳонов дар ин бора мегӯяд: "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши таваллуд як сабаб дорад, ин афзоиш аз ҳисоби таваллуди зиёди кӯдак дар як оила, масалан 5 ё 6 кӯдак дар як оила, балки аз ҳисоби афзудани миқдори оилаҳо кӯдак бисёр мешавад. Гарчанд дар як оила се кӯдак бошад, лекин миқдори худи оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мебошад. Дар Тоҷикистон тақрибан як миллион сесад ҳазор оила вуҷуд дорад. Хоҳем нахоҳем, ин оилаҳо ду кӯдак кунанд, ҳам бисёр мешавад, се кӯдак кунад ҳам бисёр мешавад."
Дилафруз Ҷӯраева, ҷомеашиноси дигар тоҷик, ки тамоюлҳои демографӣ як бахши кораш аст, дар рисолаи номзадиаш зери унвони «Равандҳои муосири издивоҷ ва таваллуд» дар Тоҷикистон навиштааст, ки баъди қабули қонуни танзим издивоҷҳоро аз 8,2 то 14,6 дараҷа зиёд кард, ки ин барои дарозмуддат сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ дар кишвар мешавад. Аммо ба назари дигар мутахассисон мумкин аст, дар солҳои оянда суръати таваллуд дар Тоҷикистон сусттар шавад, зеро синни издивоҷ дар кишвар боло меравад ва ҷавонон дар солҳои аввали издивоҷ дар паси фарзанд нестанд.
Равшан Собиров, мудири иҷроияи Алянси танзими оила дар Тоҷикистон, ки 14 сол боз дар ин самт кор мекунад, мегӯяд: «Масалан дар солҳои шӯравӣ агар теъдоди духтарон дар ингуна муассисаҳо аз 35 то 40 дар садро ташкил медод, ҳоло бошад, бештар аз 60 дар сади донишҷӯёни донишгоҳҳои олиро духтарон ташкил медиҳанд. Ин тамоюл баёнгари он аст, ки аҳолӣ аҳамияти таҳсили духтаронро дарк мекунад ва мефаҳмад, ки духтари таҳсилкарда ояндаи беҳтар дорад, фарзанди солим ба воя мерасонад ва ӯро беҳтар тарбия мекунад ва кӯдаконашон бофарҳангтар мешавад. Ва ин як тамоюли бисёр хуб аст.»
Тоҷикистон соли 2003 бо ҳадафи ба танзим овардани афзоиши аҳолӣ, «Стротегияи сиёсати давлатии демографӣ»-ро қабул кард ва соли 2015 соли охири амалӣ кардани ин стратегияи 12-сола аст. Ба гуфтаи мақомот, ҳарчанд серфарзандӣ аз байн рафт ва дигар модарони тоҷик бо мақсади ба даст овардани унвони қаҳрамонмодар 10 кӯдаку бештар аз он ба дунё намеоранд, вале суръати феълии афзоиш ҳам нигаронкунанда аст.
Ҳукумат пули кофӣ надорад, садҳо ҳазор кӯдакро, ки ҳар сол ба сафи хонандагони мактабҳои миёна мепайванданд, бо таҳсили муносиб фаро бигирад ва ҷойҳои корие, ки офарида мешаванд, ба қисми ночизи ҷавононе мерасанд, ки ҳар сол мактабҳоро хатм мекунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи коршиносони тоҷик хатари таркиши демографӣ дар Тоҷикистон аз байн рафтааст, вале барномаҳои нави дигаре лозим аст, суръати афзоишро кам кунад. Дар акси ҳол зиёд шудани аҳолӣ метавонад дар Тоҷикистони камзамин фалокатҳои зиёди иҷтимоиро ба бор орад.