Мерилин Монро - рамзи ҷудоинопазири Амрико

Соли 1950 Мерилин Монро либоси махсуси шиновариро намоиш медиҳад. То замони ба ситораи Ҳолливуд табдил шуданаш, ин ҳунарманди маъруф ба унвони модел кор кардааст

Нахустин ҳамсараш ходими полис Ҷеймс Догерти буд. Мерилин Монро  соли 1942 дар синни 16-солагӣ ҳамсари ӯ шуд. Соли 1946 аз ӯ ҷудо шуда, январи соли 1954 ба ситораи бейсбол Ҷо Ди-Маҷҷио хонадор шуд. Нӯҳ моҳ баъд ин ҷуфт ҳам аз ҳам пошид. Дар акс - бо

Ҳамсари сеюм ва ниҳоии Монро сенаринависи маъруф Артур Миллер буд. Онҳо соли 1956 издивоҷ карда, соли 1961 аз ҳам ҷудо шуданд. 

Мерилин Монро бо ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Вивйен Ли ва сэр Лоуренс Оливйе дар соли 1956 

Соли 1959 - Монро дар фурудгоҳи Ла Гуардиаи Нйю-Йорк пеш аз парвозаш ба Чикаго аксбардорӣ мекунад. Дар Чикаго маросими муаррифии нахустнамоиши филми Some Like It Hot барпо шуд. 

Соли 1960 - Монро ва ҳунарпешаи маъруфи фаронсавӣ Ив Монтан дар Ҳолливуд баъди намоиши филми Let's Make Love

Соли 1962 - Ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз марги Монро

Ҳаводорони ҳунарпешаи маъруф  дар маросими хоксупории Мерилин Монро саф оростаанд. Ӯ августи соли 1962 даргузашт 

Имрӯз ҳам симои ин ҳунарпешаи маъруф мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҳунар мебошад 

Қолие бо акси Мерилин Монро аз пурфурӯштарин маҳсулоти тоҷирони афғон будааст. Акс дар як бозори вилояти Кунари Афғонистон бардошта шудааст 

Соли ҷорӣ Ҷашнвораи байналмилалии синамои Канн Мерилин Монроро рамзи расмии ин маъракаи муҳими ҳунарӣ интихоб кард