Моҳи сентябри соли 1955. Замони ҷанги сард. Роберт Ф. Кеннедӣ, сиёсатмадори ҷавон ва бародари президенти ояндаи Амрико, бо як сафари ғайримаъмулӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав рафт. Вилям Дуглас, яке аз додрасҳои намоёни Додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳида, низ ӯро ҳамроҳӣ дошт.
Тарҷумони онҳо дар ин сафари думоҳа ба кишвари бастае ба рӯйи хориҷиҳо, Фредерик Флоттяк, афсари пешини артиши Иёлоти Муттаҳида буд, ки забони русиро хуб медонист. Кори ӯ дар сафорати Амрико дар Теҳрон пӯшише барои ҳувияти воқеияш ба унвони маъмури CIA ё созмони истихбороти ИМА буд.
Баъди бозгашт ба Амрико таваҷҷуҳ ба Кеннедӣ зиёд шуд. Сафар ба Шӯравӣ ҳамчунин боиси ҷалби диққат ба Фредерик Флотт гардид. КГБ-и Шӯравӣ барои ӯ номи рамзии "Дуглас" гузошт ва тайи ду даҳаи баъд ӯро зери назар гирифт, бо умеде ки битавонад ба унвони ҷосус ҷалб кунад. Ин созмон, мумкин аст, дар аввали солҳои 70-ум ба ин кор муваффақ шуда бошад.
Фредерик Флотт дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Африқои Шимолӣ хидмат кардааст
Ҷузъиёти кӯшиши Маскав барои наздик шудан ба Флотт дар як дастнависи нашрношуда ба забони русӣ сабт шудааст. Онро дар маҷмӯае аз ҳуҷҷатҳои КГБ бо номи "Бойгонии Митрохин" нигоҳ медоранд. Ин парвандаҳо ба номи Василий Митрохин, мутасаддии аршади бойгонии КГБ, номгузорӣ шудаанд. Касе, ки солҳоро сарфи гирдоварии ҳазорон саҳифа ёддошт кард ва сипас дар солҳои 1990, ҳангоми паноҳандагӣ ба Бритониё, онҳоро махфиёна аз Русия берун бурд.
Дар чанд саҳифа аз ин дастнавис, иртибот ва назорати КГБ бар як амрикоӣ бо номи рамзии "Дуглас" бо ҷузъиёт шарҳ дода шудааст. Ин номи рамзӣ дар мавридҳои зиёде ба кор рафта, дар парванда ба таври мушаххас аз номи "Флотт" ҳам ёд шудааст.
Яке аз нуктаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки КГБ-и Шӯравӣ дар моҳи июни соли 1974 пули сафари Фредерик Флоттро аз Ҷакарта, маркази Индонезия, ки дар онҷо ба унвони афсари сиёсии сафорати Амрико хидмат мекард, ба Маскав пардохт кард ва ҳамчунин бо таъйиди Юрий Андропов, раиси онвақтаи КГБ, даҳ ҳазор доллар ба ӯ дода шуд. Дигар инки Флотт дар миёнаҳои даҳаи 1970 беш аз сад паёми маҳрамонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро дар ихтиёри маъмурони КГБ дар Вашингтон қарор додааст.
Кевин Риҳл, таҳлилгари пешини амнияти миллӣ ва зиддиҷосусии Амрико, ки нахустин бор ба ин тавсиф аз Флотт бархӯрд ва нусхаи аслии парвандаро бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар миён гузошт, гуфт: "Ин парванда ғайримаъмулӣ аст, чун мавриде аз даврони Ҷанги сард аст, ки пеш аз ин касе чизе дар борааш нашунида буд."
Риҳл, ки акнун пажӯҳишгар ва устоди иттилоот ва амнияти байнулмилал дар Донишгоҳи Брунели Лондон аст, афзуд: "Ин як парвандаи ҷосусии ношинохта аст."
Хадамоти амнияти федеролии Русия дар Лубянка дар ҳамон биное ҳаст, ки қаблан КГБ-и Шӯравӣ ҷойгир буд
Пайвандон ва дӯстони Фредерик Флотт мегӯянд, ҳаргиз чунин иддаоро нашунидаанд ва ба гуфтаи онҳо, тасаввури ин ки ӯ мумкин аст ҷосуси Шӯравӣ буда ё ба таври махфиёна бо КГБ ҳамкорӣ карда бошад, хандаовар аст. Бародарзодааш, Роберт Флотт, гуфт, агар амакаш бо КГБ иртиботе доштааст, пас, ба эҳтимоли зиёд бо иҷозаи мақомоти болоии давлат будааст. Шояд ҳатто дар чаҳорчӯби як амалиёти иттилоотии сохта.
Ӯ дар гуфтугӯе аз Калифорния гуфт: "Бовар кардан сахт аст, ки иттилооти маҳрамонаи воқеиро ба онҳо дода бошад. Бештар бовар мекунам, ки иттилооти дурӯғин ё иттилоотеро дода, ки барои артиш ё давлати Амрико зиёнбор набудааст."
Ҷим Матикс, шарики тиҷоратии Флотт пас аз бознишастагӣ ва аз дӯстони наздики ӯ дар солҳои поёнии зиндагияш, гуфт: "Оё Фред бе ҳеч барнома асрорро фош мекунад? Ҳаргиз. Маҳол аст. Аммо оё ӯ барои зарба задан ба душман чунин коре мекунад? Бале. Чизе, ки ман дар бораи Фред медонам, ин аст, ки ӯ ватандӯсти фавқулода буд ва мутмаинам аз зиракӣ ва махфикорӣ ҳам лаззат мебурд."
Флотт соли 1978 ба нафақа баромад ва соли 2006 даргузашт.
"Кеннедӣ аз иртибототи Флотт хабар надорад"
Фредерик Флотт дар моҳи марти соли 1921 таваллуд шуда, дар наздикии Чикаго бузург шудааст. Коллеҷи Карлтон, омӯзишгоҳи улуми инсониро дар аёлати Миннесота, ки ба унвони маҳалли тарбияти афсарони хидмати хориҷӣ шуҳрат дорад, ба поён расонд.
Пас аз хатми Маркази мутолеоти байнулмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Вашингтон, ки яке аз марказҳои муҳими тарбияти дипломатҳо ва маъмурони иттилоотӣ шинохта мешавад, ба Фаронса ва Испания рафт.
Дар ин акси бидуни сана, Флотт дар ҳоле дида мешавад, ки бар боми сохтмоне дар пойтахти Алҷазоир истодааст
Флотт дар мусоҳибаҳое, ки солҳо пас аз бознишастагӣ анҷом дод, гуфт, илова бар забони фаронсавӣ забони русиро ёд гирифта буд. Ӯ дар моҳҳои пас аз кудетои соли 1953, ки бо ҳимояти Амрико ва Бритониё ба барканории Муҳаммад Мусаддиқ (нахуствазири Эрон) анҷомид, ба унвони афсари сиёсӣ дар сафорати Амрико дар Теҳрон кор кард. Вай гуфт, дар он замон маъмурони Шӯравӣ дар Эрон кӯшиш доштанд, ки нооромӣ эҷод кунанд.
"Эҳтимол маро ба ин далел ба он ҷо фиристоданд, ки забони русиро медонистам. Фикр мекарданд, касеро бифиристанд, ки агар русҳо ворид шуданд, битавонад бо онҳо иртибот дошта бошад," – нақл кардааст ӯ. Флотт дертар забонҳои олмонӣ, испанӣ, португалӣ ва итолиёиро низ аз худ кард.
Бар асоси асноди Митрохин, таваҷҷуҳи КГБ ба Флотт бори аввал дар Теҳрон ҷалб шудааст. Замоне ки як зани гурҷӣ бо ӯ тамос гирифт ва кор дархост кард. Флотт роҳнамоӣ кард, то ин зан дар як радиои зери ҳимояти CIA ё созмони истихбороти Амрико кор кунад, ки бо забони гурҷӣ барои Шӯравӣ барнома пахш мекард.
Шӯравӣ барои ӯ номи рамзии "Дуглас" интихоб кардааст, ҳарчанд мушаххас нест чаро дақиқан ин номро гузоштанд.
Дар моҳи августи соли 1955 сафири Амрико ба Флотт дастур дод, то Роберт Кеннедӣ ва Вилям Дуглас, додраси Додгоҳи олиро дар сафарашон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳӣ кунад. Рӯзномаҳои Амрико ба таври васеъ ин сафарро бозтоб доданд. Тибқи ривояти Митрохин, КГБ як донишҷӯро дар Маскав ба кор гирифт, то дар ҷараёни ин сафар талош кунад, ки ба Флотт "наздик шавад", аммо Флотт ин талошҳоро пас зад.
Чанд моҳ пас аз ин сафар, CIA ё созмони истихбороти Амрико аз Кеннедӣ бозҷӯйӣ кард. Мусоҳиба дар соли 2025 аз ҳолати маҳрамона берун шуд; бахше аз маҷмӯаи 64 ҳазор ҳуҷҷате, ки ба дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, нашр шуд.
Дар миёни ҳуҷҷатҳои CIA, дар ёддоште раддубадалшуда дар миёни мақомоти ин созмон тавсия шуда буд, ки ба Кеннедӣ дар бораи корфармои воқеии Флотт чизе гуфта нашавад. Дар ҳошияи ҳамин санад низ ба сурати дастнавис омадааст: "Кеннедӣ аз иртибототи Флотт хабар надорад."
Дар даврони ҷанги Амрико дар Ветнам, Флотт ба ҳайси мушовири аршади сафир ва ҳамчунин мақомоти олирутбаи низомии Амрико хидмат кардааст
Маъмуре ба номи "Дита"
Фредерик Флотт дар охири соли 1950 ва аввали даҳаи 1960 ба маъмуриятҳои дипломатии Амрико дар Женева ва Бонн фиристода шуд. Вай бори дигар ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар кард. Бар асоси асноди Митрохин, Флотт "дар ҷараёни ин сафар аз баёни ҳар гуна изҳори назари интиқодӣ парҳез кард, пурсишҳои зиёде дар бораи зиндагӣ матраҳ намуд, аммо пурсишҳои кунҷкобона, ки шубҳаи ҷосусӣ эҷод кунад, надод."
Дар соли 1965, тибқи парвандаи Митрохин, Флотт аз созмони истихборот ба Вазорати корҳои хориҷии Амрико гузашт. Як сол баъд, дар моҳи июли соли 1966, замоне ки Флотт барои як маъмурияти кӯтоҳи дипломатӣ дар Исроил буд, КГБ бори дигар талош кард ӯро ба як маъмури Шӯравӣ муаррифӣ кунад. Ин бор бо номи рамзии "Дита".
Дар парванда омадааст: "Вай аз Флотт ба унвони як ҷосус ситоиш кард, аммо Флотт барои амиқтар кардани робита бо ӯ талоше нанамуд."
"Дӯст дорам ба Маскав биравам, аммо…"
Пажӯҳишгароне, ки бойгонии Митрохинро баррасӣ кардаанд, баъзе ноҳамоҳангиҳои ҷузъиро дар он ёфтаанд, аммо дар маҷмуъ онро бисёр қобили эътимод медонанд. CIA ва ниҳодҳои дигари иттилоотии ғарбӣ, пас аз он ки МИ-6 ин парвандаҳоро дар ихтиёрашон гузошт, тавонистанд шумори зиёде аз манобеъ, ҷосусон ва "омилони ғайрирасмӣ"-ро, ки КГБ тайи даҳаҳо дар Ғарб нуфуз дода буд, шиносоӣ кунанд.
Марк Кример, мудири барномаи мутолеоти Ҷанги сард дар маркази Дэвиси Донишгоҳи Ҳарвард, гуфт: "Ӯ ёддоштҳое бисёр дақиқ бармедошт. Асноди Митрохин аз назари зиддиҷосусӣ аҳамияти фавқулода доштанд. Бидуни шак, ин маҷмӯа яке аз муҳимтарин ё дар миёни яке ду маҷмӯаи бартари асноди КГБ аст, ки ба сурати умумӣ дар дастрас қарор гирифтаанд."
Кевин Риҳл, таҳлилгари пешини амнияти миллӣ ва зиддиҷосусии Амрико, дар мусоҳибае гуфт: "Ин ки онҳо [Флотт]-ро то ин ҳад зери назар доштанд, каме ғайримунтазира аст. Ба назар мерасад масъулони Шӯравӣ бовар доштанд, ӯ қобили наздик шудан аст, бинобар ин ду даҳа ӯро зери назар гирифтанд; ва ин муддати тӯлонӣ, нишондиҳандаи сабри зиёдест барои зери назар доштани касе бо ин умед, ки дар ниҳоят ром шавад."
Ӯ афзуд: "Агар касе нишонае аз тамоюл нишон диҳад... ва ба як ҳамкор дар сафорати Шӯравӣ дар Ҷакарта наздик шавад ва бигӯяд “дӯст дорам ба Маскав биравам, аммо хеле гарон аст”, ин дақиқан як фурсати қобили баҳрабардорӣ барои КГБ аст. Ба назари ман, бисёр-бисёр аз эҳтимол дур аст, ки чунин иттифоқе уфтода бошад."
Дар посух ба ин пурсиш, ки оё мумкин аст паёмҳои маҳрамона ва дигар иттилооте, ки Флотт фиристод, дар воқеъ иттилооти дурӯғин ё беарзиш буда бошад, монанди сарнахҳои ғалат ё додаҳое, ки пештар ба сурати умумӣ дар дастрас будааст, Риҳл гуфт: "Чунин коре сабаби талоши қобили таваҷҷуҳе аз сӯи худи Флотт буда ва ҳеч нишонае вуҷуд надорад, ки Вазорати умури хориҷӣ аз чунин иқдоме хабардор будааст."
Фредерик Флотт дар байн
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ, FBI ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ ва CIA дархост фиристод ва хоҳони дастрасӣ ба парвандаҳои марбут ба Флотт ва пешинаи кории ӯ шуд. CIA билофосила посух надод.
Риҳл гуфт, ӯ низ бар асоси қонуни озодии иттилоот ба Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ дархост фиристод, то мушаххас шавад, ки оё ин ниҳод Флоттро зери назар доштааст ё на, аммо ба ӯ гуфта шудааст, ки ҳеч парвандае дар ин замина пайдо нашуд.
"Он замон корҳои ваҳшатноке алайҳи русҳо мекардем"
Флотт пас аз бознишастагӣ дар соли 1978, дар ҳуҷрае начандон дур аз маҷмӯаи машҳури Вотергейт дар Вашингтон мезист ва ба унвони мушовири ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла ғӯли нафтии Арабистон, Арамко, ҳамкорӣ дошт.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, ӯ бо Ҷим Матикс ҳамкорӣ мекард ва талош дошт барномаи омӯзиш аз роҳи дурро дар Узбекистон ва кишварҳои дигари тозаистиқлол роҳандозӣ кунад. Матикс дар мусоҳибае гуфт: "Фред як бор бо шӯхӣ гуфт "он замон алайҳи русҳо корҳои ваҳшатноке мекардем." Ман метавонистам ҳадс бизанам манзураш чӣ навъ корҳое буда, аммо намешуд воқеияти моҷароро аз зери забони ӯ берун кашид."
Флотт, ки ҳаргиз издивоҷ накард, ҳангоми марг дар соли 2006 ворис надошт. Хоҳарзода ва бародарзодааш ҳуҷраи ӯро дар Вашингтон холӣ карданд ва дар миёни ёдгории даҳаҳо сафар ва маъмуриятҳои хориҷияш аслиҳа ва чизҳои дигар ёфтанд.
Таъзияномаи нашрияи "Чикаго Трибун" дар бораи Фредерик Флотт. Августи 2006
Синтия Карпентер, хоҳарзодаи Флотт, гуфт, вақте дар бораи фаъолиятҳои ӯ дар парвандаҳои КГБ шунид, ҳайратзада шуд. Вай дар мусоҳибае аз хонааш дар Каролинаи Ҷанубӣ гуфт: "Аслан ба ақл рост намеояд. Ӯ ба шиддат зидди коммунист буд. Ин ки ӯ ҷосус буда, ангор ҳамеша то ҳадде матраҳ буд, аммо воқеан наметавонам тасаввур кунам, ки барои русҳо ҷосусӣ карда бошад."